Ислоҳневу “Қаллоб.нет”
ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии Мулло Кабирӣ дар атрофи худ шахсони қаллобу маккор ҷамъ намуда ҳам дар раванди сиёсат ва ҳам дар раванди тиҷорат бо амалҳои дурӯғгӯию фиребдиҳӣ машғул ҳастанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз сухангӯи наҳзатиҳо ба шумо меравад бо қаллобию фиребдиҳӣ аз якчанд нафар шаҳрвандон маблағро дар ҳаҷми 430 ҳазор доллари ИМА гирифта ба мақсадҳои нопоки худ истифода намуда истодааст.
Сарвари ҳизб Кабирӣ ҳарчанд аз ин рафтори М.Садриддин бохабар ҳаст, аммо худро вонамуд менамояд, ки гӯё аз он хабар надорад. Дар хориҷа Кабирӣ ва муридони наздики ӯ ба ҳар коре, ки хоҳанд даст мезананд. Онҳо бо роҳи хондани ҳодисаҳою ривоятҳо аз худ мусулмони ҳақиқӣ тарошида мардумфиребӣ намуда шаҳрвандонро ҳам гумроҳ мекунанд ва ҳам пулу чизашонро кашида мегиранд.
Муҳаммадиқболи Садриддин хуб медонад, ки дар хориҷа онҳо озод мебошанд, бинобар ин ба ҳар кор аз он ҷумла ба фиребу қаллобӣ даст мезананд. Чунин фаъолият барои онҳо ба ҳукми анъана даромадааст ва бо ҳамин роҳ онҳо барои худ ва оилаашон маблағ пайдо намуда кор ва зиндагӣ менамоянд. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ хуб медонанд, ки дар хориҷа онҳо сарпараст доранд ва бетарсу ҳарос ба корҳои қаллобию фиреб даст мезананд. Инчунин, онҳо дар хориҷа касе, ки ба онҳо вохӯранд ҳаракат мекунанд, ки ҳам мафкураашонро тағйир диҳанд ва маблағашонро кашида гиранд.
Чунин рафтор нишон медиҳад, ки Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар муридони онҳо даст ба амалҳои қаллобӣ зада боз худро чун ҳомиёни дини Ислом нишон медиҳанд. Аз ин рафтори нопоки М.Садриддин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки аз ҷиҳати ғоявию сиёсӣ ТЭТ ҲНИ ба гирдоби фаҳшу фиреб гирифтор гардидааст.
Аммо барои Кабирӣ ва муридони ҷонпайвандаш чунин рафторҳо ба ҳукми анъана даромада худро чун шахсиятҳои поку беолоиш нишон медиҳанд.
Одинаев А. – н.и.т, дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ