Ҳадафи бузурги стратегӣ
Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки таърихи 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшиданд.
Дере нагузашта, дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони гул-гулшукуфон боз як сана бо зарҳал сабт шуд. Ин 16 ноябри соли 2018, ки Пешвои миллат, дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба кор дароварданд. Нахуст дар маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми тадбиқи лоиҳа тибқи нақша моҳи августи соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Санаи 9 сентябр 2019 бошад, боз як саҳифа бо зарҳал сабт шуд, ки бахшида ба солгарди бистуҳаштуми истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун – иншооти тақдирсози халқамон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ва тоҷикистониёнро бо ин санаи таърихи сидқан табрик намуда, қайд намуданд, ки нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд.
Ман ҳамчун устоди кафедраи забони русии донишгоҳ аз он меболам, ки аз оинаи нилгун суханронии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО-и Роғун тамошо намудам.
Ин иншооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологияҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон мекунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад. Ва НОБ-И Роғун дар ҳақиқат, ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст.
Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ