Роҳбарияти паймони миллӣ бояд ба истеъфо равад

Мақолаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Фарҳанги истеъфо ё бо хун омадагон танҳо бо хун мераванд”, ки аз ҷониби хоинони миллати тоҷик Ҷуннатуллоҳи Комил ва Муҳиддин Кабирӣ нашр гардидааст, идомаи мантиқии мақолаҳои пучу бемантиқ, пур аз бухсу бахилии сиёсии мутаҳамони гуреза аз Ватан мебошад.

Масъалаҳои дар мақолаи иғвоангезонаи худ нашрнамудаи ин разилон умуман ба ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон робитае надорад. Масъалаи Қирғизистон, Белорус ва дигар кишварҳое, ки ҳар бор дар мақолаҳои худ мисол меоранд ин муаммоҳои дохили давлатии ҳамон ҷумҳуриҳо ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи сиёсӣ ором аст, мардум аз сиёсат ва роҳбарии Президенти худ ягон норозигӣ ва ё шикоят надорад. Мисоли ин гуфтаҳо интихоботҳои гузаронидашуда мебошанд. Шаҳрвандон ҳам дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳам интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок варзиданд, ки аз чунин фаъолии мардуми кишвар нозирони байналмилалӣ ва намояндагони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳайрат монданд.

Имрўз хоинон, мутаҳамон, душманони миллати тоҷик, ки аз тарафи мардуми кишвар ҳамчун террорист, зархарид, ватанфурўш эътироф гардидаанд бо мақолаҳои бемазмун, бемантиқ ва пур аз иғвою дасиса мехоҳанд муҳити оромро ноором созанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии худ бо самимият иброз дошанд, ки ман халқи азиз ва бузурги худро беш аз ҷони худ дўст медорам. Дар навбати худ халқи тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, забон, дин, ҳизбият Президенти худро эҳтиром, эътироф ва дўст медорад, ҳаматарафа сиёсати хирадмандона, сулҳҷўёна, ятимпарварона ва одилонаи пешгирифтаи давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ ва дастгирӣ мекунад ва дар амалӣ гаштани он заҳмат мекашад.

Бо ин мақола бори дигар хоинони миллат исбот карданд, ки то хун дар бадан доранд аз роҳи ҳароми худ даст намекашанд ва мақсади дар худ доштаашон аз баданашон бо хун меравад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар паҳлўи Президенти худ сарҷамъ гашта дар паи ободӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ ва сарсабзу гулпуш кардани Ватани худ мебошад.

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like