Баргузории даври донишгоҳии озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020”

03 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда афзуд, ки озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси МИҲД-и вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, фаъолияти онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо роҳандозӣ мегардад. Ҳамчунин намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ширкат варзида, изҳори боварӣ кард, ки донишҷӯёни ДДҲБСТ дар давраи ниҳоии озмуни мазкур фаъолона ширкат варзида, соҳиби мақоми ифтихорӣ хоҳанд шуд.

Сипас, 15 нафар ғолибони даври факултетии озмуни мазкур барои пирӯзӣ дар даври донишгоҳӣ байни ҳам рақобат карданд. Аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи донишҳои тахассусӣ ба довталабон баҳогузорӣ карданд.Дар натиҷа, донишҷӯи соли сеюми факултети бизнес ва идоракунӣ Аслия Абдуллоева сазовори ҷойи аввал, донишҷӯи соли чоруми факултети молия Ҷаҳонгир Фатҳуллозода ба гирифтани мақоми дуюм ва донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ Рустам Қориев ба гирифтани ҷойи сеюми озмун сарфароз гардиданд. Ҳамчунин бо гирифтани холҳои зиёд донишҷӯён Парвина Додобоева, Маликабону Юсупова, Манижа Ҳидоятова ва Мутриба Самадова ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.Ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Донишҷўи сол – 2019» бо назардошти ба даст овардани холҳои баландтарин донишҷӯи ДДҲБСТ Дилфуза Ҳоҷиева ғолибият ба даст оварда буд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like