Сафсатахонии наҳзатиён аз натиҷаи интихоботи президентӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду мустақил ва ҳуқуқбунёд муносибатҳои хориҷии худ бо ҳамаи давлатҳо ба роҳ мондааст. Ҳануз соли 2003 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сиёсати хориҷии Тоҷикистон сухан намуда, “сиёсати дарҳои боз”-ро зикр намуданд. Тибқи ин принсип давлати мо бо ҳамаи субъектҳои байналмилалӣ чи давлатҳои мустақил ва чӣ созмону ташкилотҳо муносибати неку ҳамгироиро ба роҳ мемонад. Инак то ин дам Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил зиёда аз 190 давлати ҷаҳон расман шинохта, бо 150 давлат муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Зиёда аз 50 созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ муносибатҳои дутарафаро ба роҳ мондааем.
Дар қатори он бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Ғарб муносибати ду ҷониба ва бисёр ҷонибаро ба роҳ андохта, дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем, ки ин “ғалабаи дипломатияи тоҷик” аст. Аммо аз ғолибияту дастовардҳои давлатимо як гуруҳ хоинон дар Аврупо камин гирифта зор – зор мегирянду хунолуд мешаванд. Зеро онҳо дар Аврупо нисбати давлатимо суханҳои дурӯғ бофта, ба чашми аврупоиён давлати моро ҷангзадаву ваҳшӣ нишон доданианд. Қатли сайёҳони хориҷӣ соли пеш маҳз аз зумраи программаи сохтаи наҳзат буд, ки ба он тамғаи “ДОИШ”-ро заданд.
Хушбахтона интихобти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва дар доираи қонунгузорӣ ташкил ва гузаронида шуд. Натиҷаи интихобот бори дигар собит намуд, ки мардуми мамлакат интихоби хато накард ва нафари арзанда соҳиби курсии президентӣ гардид. Ин нуктаро на танҳо нозирони милливу байналмилалӣ, балки давлатҳои ҷаҳон ҳам баҳогузорӣ карданд. Аз ҷумла Департаменти корҳои хориҷии ИМА ба интихоботи президентии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онро интихоботи демократӣ номид. Аммо аз ин баҳогузориҳои созмонҳову давлатҳои хориҷӣ ба фиғон омадаанд.
Мардуми тоҷик ва тоҷикистониён бо интихоби арзандаи худ мефахранд ва санаи 30-уми октябр маросими савгандёдкунии президенти тозатаъин доир мегардад, ки дар он намояндагон аз корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ, дар қатори шаҳрвадону сокинони мамлакат ширкат меварзанд.
Изҳороти Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ