Ниқоби наҳзат
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Ашхосеро дар ин замон пайдо намудан мумкин аст, ки дини мубини исломро ҳамчун сипар ба манфиати шахсии худ истифода мебаранд. Мисолаш аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад, ки фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаасту алҳол дар хориҷа фаъолият намуда, танҳо мақсадаш халал расонидан ба осоиштагии давлату мардуми тинҷу ороми мо мебошад.
ТТЭ ҲНИ аз нодонии ҷавонон истифода бурда, тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба гурӯҳҳои худ ҷалб мекунанд. Бинобар ин, махсусан, ҷавонон бояд бо илму донишҳои замонавӣ мусаллаҳ бошанд ва мавқеи устувори худро дар ҷомеа дошта бошанд.
Бар зидди чунин равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон бурдан лозим мебошад. Ба паҳн шудани ин амалҳои нопок мо набояд роҳ надиҳем. Роҳбарияти давлат ба ин масъала аз ҳама тараф аҳамияти ҷиддӣ дода, чи хеле, ки дар боло зикр шуд фаъолияти чунин гурӯҳҳо дар ҷумҳурии мо манъ кардааст. Бинобар ин аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон бояд, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии халқу мардумро пос дошта, барои боз ҳам пешрав шудани обрӯю нуфузи Ватани худ кӯшиш намоем. Ин равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра аз рӯи замин решакан шавад, то ки минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад.
Изҳороти Тошматова Р.Қ. – ассистенти
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ