Ислоҳ.нет – сарчашмаи экстремизм ва терроризм

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон дар даврони аввали соҳибистиқлолии худ ҷанги бародаркуш ва хонумонсӯзиро дидааст. Ин ҷанге, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати мо аз сар гузаронидааст ҳоло ҳам пеши назари мардум аст, ҳоло ҳам фаромӯш нашудааст ва барои мо – тоҷикистониён басандааст. Муносибати ҳизбҳои сиёсӣ бо дин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, танзими дақиқи худро пайдо кардааст. Муҳимтарин манбаи ҳуқуқие, ки масъалаи мазкурро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадаҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ аст.

Масалан  фаъолияти иғвогаронаи сомонаи “Ислоҳ.нет” мебошад, ки ин сомона дар тассавури афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти диниро ҷой дода,  онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва бо дасти мардуми ноогоҳ амалӣ созад. Мехоҳанд,  ки ҷомеаи мо мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ, ки яке аз асосгузори сомонаи “Ислоҳ.нет” аст.

Мардуми мо хушбахтона ба фаъолияти кунунии сомонаи “Ислоҳ.нет” ва масъули он баҳои объективона медиҳанд. Чанде пеш ҷинояти навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин фош гардид, ки ӯ ба ғайри ифротиву хоин будан, боз қаллоб ҳам будааст. Ҳангоми дар Тоҷикистон расман фаъолият доштанд аз чанд тан шаҳрвадони мо пулҳои калон гирифта, боз нагардондааст.

 Шамсиев Ф.К. – н.и.и., сармуаллими

кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like