Таъмини амнияти миллӣ
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ ба монанди ифротгароӣ ва терроризм рў ба рў шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Дар замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки тавассути тарсонидану даҳшатофаринӣ мехосатанд мақсадҳои ғаразонаи худро ба дигарон бор кунанд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Дар охири асри гузашта ва аввали ҳазорсолаи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид.
Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рўи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ монандӣ доранд. Баҳри ноил шудан ба мақсадҳои ғаразонаи худ ташкилотҳои террористию экстримистии «ҲНИ» ва «Паймони миллӣ» аз сомонаҳои интернетиро мавриди истифодабарӣ қарор дода истодааст, ки маводҳои хусусияти бар зидди миллату давлат доштаро паҳн менамояд. Бо ин роҳ ТТЭ ҲНИ чандин ҷавононро гумроҳ карда, ба доми худ кашидааст. Ҳатто ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, пас аз истифодабарӣ аз ин сомонаҳои интернетӣ ба доми ин «гурўҳҳои нопок» афтодаанд. Имрўзҳо мо дар асри технологияҳои иттилоотӣ қарор дорем ва аз бартариҳои техникаи муосир бархурдорем ва аз имкониятҳои он ҳар сонияву дақиқа истифода мебарем. Лекин, истифодабарӣ аз интернет маданияти худро дошта бояд мақсаднок бошад.
Ҳамчун вазифаи муҳимтарини ҳар як аҳолии бо нангу номуси кишвар, таъмини амнияти миллии худ буда, бояд дар ин самт ҳамеша талош варзад.
Саидҷонов С.Ш. – сармуаллими кафедраи
баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ