Таҷовузи иқтисодии Муҳаммадиқбол

Мардуми тоҷик фаҳмид, ки як гуруҳ авбошони бадахлоқу шаҳватпарасти занбоз талош ба он доранд, ки курсии роҳбарии  кишварро ба ӯҳда гиранд ва ба мардуми фарҳангсолори маънавиятпарвари тоҷик роҳбарӣ намоянд. Бубин тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷо. Имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович ва пайвандону наздикони онҳо бо аризаи шикоятӣ нисбати кирдорҳои қаллобкоронаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, мулаққаб бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин масъули сомонаи Ислоҳ.нет, ба мақомоти қудрати бо ариза муроҷиат намуданд.

Муҳаммадиқбол яке аз шогирдони наҳзату Кабирӣ буда, дар баробари чунин фиребу найранг ва расонидани зарари калони пулӣ, ин гуна нафарони нангу номусро имрӯз фурӯхтаанд. Мо даъват менамоем, ки қаллоб Муҳаммадиболи Садриддин ба тезӣ дастгир карда шуда, маблағҳои бо роҳи қаллобӣ гирифтаи ӯ пас гардонида шавад. Бодя чунин нафарон дар назди қонун ҷавоб диҳанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки хурофот ва тафаккури хурофотӣ аз мушкилоти зеҳнию фикрии ҷомеа маншаъ мегирад ва дар ҳар давру замон, вобаста ба сатҳи донишу маърифати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ дар шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ мекунад. Таҳлилгарони масоили иҷтимоӣ-динӣ бар ин назаранд, ки ҳар қадар таассубу хурофот дар ҷомеа реша давонад, ҳамон қадар мушкилоти равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, маданӣ ва сиёсӣ зиёд мегардад ва инсонҳо аз масири рушду инкишофи зеҳнию ақлонӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дур мешаванд.

Вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки ҷавонон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба ақидаву афкори хурофотпарастони замон пайравӣ мекунанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст ҳоло Муҳаммадиқболи Садриддин бо андешу дасисаҳои ғаразноки худ чанде аз ҷавонони гумроҳро ба роҳи фиреб ба хурофотпарастии динӣ ҷалб намуда истодааст. Муҳаммадиқболи Садриддин дар баробари хиёнаткор бунадаш, ҳамчунин бо роҳи фиреб одамонро ба доми худ кашида ба ҷинояткориҳои зиёд даст зада истодааст.

Ба ҷавонон муроҷиат намуда гуфтанӣ ҳастем, ки ба таври куллӣ, хурофот ва хурофотпарастӣ ҷомеаро ба самти ақибмондагӣ, таассуб (фанатизм) ва вопасгароӣ савқ медиҳад ва дар маҷмўъ, ҷомеаро дар баробари хатарҳо аз ҳар ҷиҳат осебпазир месозад.

Дигар чизе, ки бояд гуфта шавад, қаллобии Муҳаммадиқболи Садриддин ба шумор меравад. Ин хиёнаткори гадо бо роҳи ба боварии мардум даромадан пулҳои махсусан калони заҳматкашону фарзандони миллат, ки бо пули ҳалол мехоҳанд кишварро обод созанд, аз они худ кардааст. Имрӯз мардуми саховатпеша ва соҳибкорони ватандӯсту содиқ барои пешравии Тоҷикистони азиз аз тамоми сарчашмаҳои даромад истифода карда, роҳ бунёд мекунад, пул месозанд, ба як бечора дасти ёрӣ дароз мекунанд ва дигар амалҳои некро ба сомон мерасонанд. Аммо Муҳаммадиқболи беиқбол аз фурсат истифода карда, чандин нафар соҳибкоронро фиреб дода пулҳои онҳоро аз они худ кардааст. Ин ҳам як намуди таҷовуз аст, ки Кабирӣ  нисбати занон анҷом додааст. Аз рӯзи ташкили  ТТЭ ҲНИ  ин гуруҳи авбошон аз мардум бо роҳи одамробоӣ, дуздӣ, ба таҳлукаандозӣ тамоми мардуми тоҷикро ғорат карданд, ки нобахшиданист. Мо ҳамаи корҳои ин разилонро маҳкум мекунем.

Абдувоҳидов М. Р. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи

 соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like