Озодии виҷдон дар ҷомеа қафолати ҳуқуқӣ дорад

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва ақидаронӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз соли 2009 ба танзими ҳуқуқӣ дароварда шудааст ва мавриди амал қарор мегирад.

Тавре асоснок гардидааст, бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар шахс ба озодии виҷдон, баробарии ҳама дар назди қонун дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзу эҳтиром дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ муайян гардида қабул карда шудааст.

Қонуни мазкур  муносибатҳоро оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию диниро танзим менамояд.

— озодии виҷдон – ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ва ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ, инчунин баён намудан ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди марбут ба дин;

— озодии пайравӣ ба дин – ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои озодона ва мустақилона интихоб кардани ягон дин ва пайравӣ намудан ба он, иштирок дар ибодати динӣ, адои  маросимҳои динӣ ва таълими динӣ;

— иттиҳодияи динӣ – иттиҳоди ихтиёрии пайравони як дин ба мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва маросимҳои динӣ, таълими динӣ, инчунин паҳн намудани эътиқоди динӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб,  паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна  эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои муайяни соҳавӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки давлати мо онро расман қабул кардааст, мавриди амал қарор медиҳад.

Изҳороти Самадов Б. О. –дотсенти кафедраи

ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like