Ғолибон муайян гардиданд

Бегоҳии санаи 05 октябри соли 2020 дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд, ки байни дастаҳои раёсат ва факултетҳои донишгоҳ баргузор гардида буд, доир гардид. Дар даври ҷамъбастии мусобиқаи мазкур барои соҳиб гардидани мақоми сеюм дастаҳои Маркази тестии донишгоҳ бо тими факултети ҳуқуқшиносӣ байни ҳам рақобат карданд, ки дар натиҷа бо ғолиб шудан ба ҳариф тими Маркази тестии донишгоҳ сазовори ҷойи сеюм шуд.

Дар даври ниҳоӣ дастаҳои раёсати донишгоҳ ва тими факултети инноватсия ва телекоммуникатсия, ки ба ҳамаи ҳарифонашон дастболо гардида буданд бо ҳам нерӯ санҷиданд. Бозингарони дастаи факултети инноватсия ва телекоммуникатсия аз худ маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3 бар 0 тими раёсати донишгоҳро мағлуб намуда, соҳиби ғолибият гардиданд.

Дар расми қадрдонии ғолибон, муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров ва раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Аминҷон Амонов ширкат намуда, дастаҳои ғолибро табрик ва ба онҳо диплому медалҳои мусобиқаро тақдим карданд. Ҳамчунин барои иштирокчиёни фаъол аз қабили дарвозабони беҳтарин, беҳтарин муҳофизатгар, нишонзани беҳтарин ва беҳтарин ҳамлагар Сипоснома ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи футболи хурд дар ДДҲБСТ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ифтихори 5500-солагии Саразм, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ташкилу баргузор гардида, ба хотири боз ҳам  мустаҳкам  намудани дӯстиву рафоқат байни кормандон ва устодони сохтору факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

Баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, шароиту имкониятҳои зарурӣ низ муҳайё гардидааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like