Истирдоди роҳбари наҳзат ба Душанбе?

Дар замони имрӯза бадхоҳони миллат нисбат ба давлату миллати мо хеле гапу гузори беасосоро баҳри ноором сохтани ҷомеаи солим паҳн мекунанд. Аммо ҳаминро гуфтанитам, ин хоинио харчӣ хоҳанд гуфтан гиранд, чунки корвонро бо гуфтан ва онро аз роҳ гардонидан номумикин аст. Онҳо ба гуфтанну корвон ба идомаи роҳаш равон аст.

Дар давоми соҳибистилолии кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат ва сиёсати пешгирифтаашон мо милати худро аз нав эҳё кардем, Ватан сохтем ватанамонро обод кардем ва давлати демократиро бунёд кардем. Тоҷикистони азизамонро ба арсаи байналмиллати шиносонидим бо миллату фарҳангу тамаддуни худ, ки ба ҳамаи ин бо шарофати  Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аммо ин хоинонии миллат имрӯз аз хориҷи кишвар  истода ҳаргуна суханҳои беасосро мебофанд.

Кабирӣ ва пайравони он душмонони халқу миллати мо ҳастанд ва намехоҳанд сулҳу оромиро аз ин хотир ин хоинон нисбат халқу миллати мо туҳмату гапҳои беососро мезананд. Инро бояд фаромуш накунунд, ки мардуми тоҷик мардуми солои навадум нестанд, ки Кабириву ҳамсифатони он фиреб кунунд,  мардум мо он мардум нестанд акнун. Мо ватан сохтем, миллат сохтем, фарҳангу тамадун ва арзишҳои миллиамонро бунёд кардем. Акнун ин хоинон бо гапҳои пучи худ мехоҳанд, ки ҳамаи инрол бори дигар ба хоку хуниоғ ушта кунанд. Ҳаргиз не.

Миллати тоҷик ба хуб дарк намуданд, ки маҳз ҷанги шахрвандӣ дар Тоҷикистон бо ғояҳои хурофотпарастона ва иғвогаронаи аъзоёни  ТЭТ ҲНИ ба вуҷуд омада буд, Онҳо мехостанд бо ин амали худ сохти конститутсионии кишварро тағйир дода, дар сохти идоракунии давлат табадулот ворид намоянд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротиву хиёткоронаи  ТЭТ ҲНИ  ба хуби дарк намуд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки газанде аз онҳо ба Ватан расад.  Имрӯзҳо бовари дар он дорем, ки ҷавонони соҳибмаърифату худогоҳи кишвар фирефта ва гирифтори доми ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мамнӯъ нагашта, баҳри боз ҳам ободтару шукуфонтар намудани Ватан камари худро устувор мебанданд.

Самадов Р.И. – н.и.и., дотсенти

кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like