Мусобиқаи футболи хурд дар ДДҲБСТ
Бо масади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразм дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд ташкил ва баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Аминҷон Амонов баромад карда, варзишро қосиди сулҳ номид, ҳамчунин мусобиқаи мазкурро барои бозҳам мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни кормандон ва устодони сохтору факултетҳои донишгоҳ мусбӣ арзёбӣ кард. Мусобиқаи футболи хурд байни сохтору факултетҳои донишгоҳ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар рӯзи нахустини мусобиқа дастаҳои Раёсати донишгоҳ бо тими факултети молия, дастаи Маркази тестӣ бо факултети инноватсия ва телекоммуникатсия ва дастаҳои факултетиҳои ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ байни ҳам рақобат намуданд. Бозиҳо ҷолибу диданӣ ҷараён гирифта, дастаҳои Раёсати донишгоҳ, факултети инноватсия ва телекоммуникатсия ва дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ тавонистанд ҳарифонашонро мағлуб карда, ба даври баъдӣ роҳ ёбанд. Мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳо идома дорад.
Дар назар аст, ки дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин бо туҳфаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








