Интихобот ташаккулдиҳандаи иродаи ҷавонон

Дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони “Интихобот ташаккулдиҳандаи иродаи ҷавонон” ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва донишҷӯёни фаъол аз факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ зикр гардид, ки интихобот нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар раванди баргузории он нишонаи олии соҳибихтиёрӣ ва дорои маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар мебошад. Ҳамчунин қайд гардид, ки ҷавонон, ки қисми бештари аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд бояд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзанд.

Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсию ҳуқуқӣ, нақши ҷавонон дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихобот, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ ва эмин будан аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ ва фаҳмонидадиҳӣ қарор дода шуданд.

Дар интиҳо аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзанд.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like