Саразм-макони сайёҳӣ

«Саразм – макони сайёҳӣ» таҳти ин унвон бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 5500-солагии Саразми бостон баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндаи раёсати донишгоҳ, роҳбарияти факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, кормандони ширкатқои сайёҳии дохилӣ ва устодону донишҷўён иштирок намуданд.

Зимни баргузории конфронс иброз карда шуд, ки Саразм яке марказҳои бузурги сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои охир диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб карда истодааст.

Дар давоми конференсия устодону донишҷўён дар мавзуҳои «Таърихи Саразм: аз давраҳои қадим то замони имрўза», «Хусусиятҳои хоси тарҷумаи шифоҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ», «Sarazm – the beginning of civilization and tourism of Tajikistan», «Аз таърихи пажўҳиши ёдгории Саразм», «Роҳҳои ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои таърихӣ (дар мисоли Саразм)» маърўзаҳо ироа карданд.

Акрамзода Шақбоз – корманди ширкати сайёқии «Sarazm travel» дар баромади худ қайд кард, ки имрўзо бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳӣ беш аз пеш тараққӣ карда истодааст. Мавсуф аз донишҷўён даъват ба амал овард, ки дар баробари омўзиши забонҳои хориҷӣ боз таърих, фарҳанг, урфу анъанақои миллӣ, идҳои милливу давлатиро низ омўзанд.

Мақсади асосии баргузории конфронси мазкур арҷ гузоштан ба ёдгориҳои таърихӣ, омўзиши навгониҳои соҳаи сайёҳӣ ва саҳм гузоштан дар рушди соҳа иборат мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like