Ғолибияти донишҷӯёни ДДҲБСТ дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”

Рӯзҳои 23-25 сентябри соли ҷорӣ дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаëқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур ду нафар донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, донишҷӯи соли аввал Шаҳзод Абдуллоев  сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи соли 3-юм Манижа Ҳидоятова  дар номинатсияи хондан ва аз ëд кардани осори адибони ҷаҳон ба гирифтани мақоми дуюм сарфароз гардида, яке соҳиби 8 ҳазор сомонӣ, дигаре соҳиби 6  ҳазор сомонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври вилоятии озмун 388 довталаб аз рӯи 5 номинатсия бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки барои ҳавасмандӣ, ташкили озмун ва қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмун бо Қарори Раиси вилояти Суғд 292265 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like