Тоифаи маърифаткӯш

Масъалае, ки баррасии ҷомеаи имрӯз қарор мегирад, барои мардуми тоҷик мавзӯи бегона нест. Зеро дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор доштани мо тоҷикон ба он маънист, ки имрӯз бояд ояндаи худро интихоб намоем.

Халқи тоҷик солҳои даҳшатбори 90-умро ҳеҷ гоҳ аз хотираш намебарорад, зеро маҳз ҳамон солҳо симои наҳсатбори тоифае, ки аз номи дини ислом ҳарф мезананду кирдорашон аз доираи инсонӣ дур аст, баръало гардида буд. Имрӯз ин тоифа худро ба мардум наздик гирифтанианду лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, лекин дар асл риёкору қаллобанд.

Тавассути расонаҳои хабарӣ хабарҳои бардурӯғ паҳн намуда, матолиби душманонаи худро бар зидди халқ интишор карда, мехоҳанд мардумро гумроҳ созанд. ТЭТ ҲНИ ва аъзояшон мехоҳанд аз ин давраи ҳассос, ки мардум барои интихоби сарвари давлат тайёрӣ мебинад, истифода карда, манфиати худро пиёда сохта, мардумро бо бўҳтону  тўҳмати худ нисбати давлату миллат бешармона гӯл зананд, лекин тирашон аз солҳои 90-ум боз хок мехурад. Маҳз натиҷаи амалҳои онҳо буд, ки тоҷикон ба вартаи ҷанги бародаркуш кашида шуд, аммо боз бешармона даъвои мусалмонӣ мекунанд, ҳол он ки дар Китоби осмонӣ инсонро аз мавҷудоти муқаддас ҳисобидаанд.

Маърифат мафҳуми хеле васеъ аст, мо онро чун донише, ки ақлу фаросати инсониро такмил медиҳад, чун раҳнамои аслии фарҳангу тамаддун медонем. Тоифаи маърифаткуше, ки теша бар решаи миллат мезанад, ба мисли ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни он чӣ тавр метавонад “наҳзати маърифат” бошад, ин гуна мардумро дар асл ба тоифаи инсонӣ шомил кардан хатост.

Дуруст аст, ки мушкилиҳо дар ҷомеа вуҷуд дорад, кадом халқу миллат ё давлат душвориҳои ҳаётию сиёсиро надораду онро паси сар накардааст, албатта тоҷикон бо дўстию ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирии худ ҳамаи душвориҳоро ҳал хоҳанд кард.

Нафароне, ки андешаи нопок доранд, ба мисли ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш бояд донанд, ки тоҷикон он мардуми солҳои 90-ум нестанд, ҷавонони мо аллакай мавқеи сиёсии худро маълум кардаанд ва ҳамеша ҷонибдори сиёсати сулҳхоҳонаи давлату ҳукумат ҳастанд.

Рахматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like