Магар наҳзатиён аз дигар сайёра омадаанд
Вокуниш ба мақолаи “Гуфтугў бо Пешво”-и ба ном нафақахӯр ва ветерани меҳнат Исломиддин Садиров
Исломиддин Садирови гиромӣ, Шумо дар мақолаи худ оиди бетарафии «профсоюз», чи тавре ки Кумитаи иттифоқи касабаро чунин номидаед, сухан рондаед. Гуфтаед, ки ин ҷамъият тамоман ба ягон чиз коре намеояд. Ва чунин ташкилоти ҷамъиятие, ки чандин сол боз дигар вазифаи аслии худро иҷро накарда, гўё ба як ниҳоди фармонбардори ҳукумати Сарвари давлат табдил ёфтааст. Он ташкилоти ҷамъиятие, ки ҳар сол ба меҳнаткашони мамлакатамон истироҳати бофароғатро дар рухсатии меҳнатиашон, барои фарзандони онҳо дар лагерҳои бачагона, барои кўдакони ятим либосу маводҳои хониш, барои меҳнаткашони беморшуда, маблағи барои дорувор сарфшуда ва ғайраву ва ҳоказоро таъмин менамояд, чунин тўҳматро раво дидаед. Магар шумо дар хориҷи мамлакат зиндагӣ мекунед, ки аз фаъолияти чунин созмони ҷамъиятӣ бехабар ҳастед?
Шумо боварӣ надоред, ки Пешвои миллат дар интихоботи Ватанӣ ҳатман овозҳои зиёд хоҳанд гирифт, зеро ки тамоми халқи Ватанамон, ки ҳам дар мамлакат ва берун аз марзи он зиндагӣ мекунанд, бо тамоми ҳастии худ хоҳони онанд, ки мўҳтарам Эмомалии Раҳмон интихоб гашта, сарварии мамлакатро идома диҳанд. Зеро ки ин шахси бузургро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд, ба сиёсати пурандешаву ва мустаҳками он кас боварии комил доранд.
Исломиддин Садирови азиз, Шумо бо суханони пур аз қаҳру ғазаб ба Пешвои муаззами мамлакат муроҷиат намуда, ўро барои дурии маънавӣ аз халқу ватани маҳбубаш, аз бехабарӣ аз ҳолу аҳволи мардум айбдор менамоед. Президенти давлати орому сулҳпарварамонро бо собиқ Президенти Украина Пётр Парашенкое, ки мамлакаташро ба пошхўрӣ ва ҷангу ҷидол оғушта кардааст, муқоиса намуда, Парашенкоро сиёсатмадори арзанда меҳисобед. Худатон магар аз сайёраи дигар омадаед? Оиди ҳукуматдории Парашенкое, ки, ба халқу Ватанаш ҷангу ҷидол, харобиҳои иқтисодӣ овардааст, мадҳу ситоиш мехонед!
То ҳол Украинаи дар оташафтода аз ҷанҷолҳои бардошташуда халос шуда наметавонад, аз сабаби муаммоҳои худ сару калобаи сиёсату иқтисодиёти мамлакатро ҳал карда наметавонад.
Ва бо ҳамин сенария ҳоло Белорусияро низ ба байни оташу низо «сиёсатмадорони арзанда», таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ партофта истодаанд.
Шумо дуруст ифода намудаед, ки Путин ёрии давлати худро барои ҳалли масъалаҳои сиёсӣ пешниҳод намудааст. Офарин ба Путин!!!
Агар сари вақт дастгирии давлати Федератсияи Россия, дар солҳои 90-ум бо воситаи дивизияи 201-умаш намебуд, мумкин, ки давлати Тоҷикистон низ ба чунин низову ҷанҷолҳо машғул шуда, хуни чандсад ҳазор шаҳрвандонамони бегуноҳамон боз солҳои тўлонӣ мерехт.
Шумо-ку худатон, ба фикрам одами калонсол, агар худро нафакахўр номида бошед, аз ҳодисаҳои дар мамлакатамон шуда бохабар ҳастед, аз ёрии давлати мутамадини Россия барои таъмини сулҳу силоҳ дар Ватани ҷоноҷонамон хабардор мебошед. Ва акнун ҳисоб мекунед, ки давлати ба мо ҳамчун бародар ёрирасонанда ба Белорусия, ки бо Россия таърих, фарҳанг ва расму русуми умумӣ доранд, зарар меорад?
Хубтар мешуд, ки сари вақт Украина ҳам ба «дўстони аҷнабиаш» гўш наандохта барои ёрӣ ба Росия муроҷиат менамуд. Мумкин аст, ки чунин ба хуну оташ оғушта намешуд.
Мо, тоҷикистониён, ба Шумо нафақахўри арҷманд, муроҷиат карда мегўем, ки ҳама албатта барои ҷонибдории Президенти муаззами худамон, овоз медиҳем. Зеро ки тақдири давлатҳои номбаркардаи Шуморо такрор карданӣ нестем!
Мирзоева Д.Д. – н.и.ф., дотсенти мудири
кафедраи забони русии ДДҲБСТ