Ифшои таърихи Паймони миллӣ дар филми “Хиёнат”

Тамоми зуҳуроти иҷтимоӣ дар ҷомеа сабаб ва шароитҳои худро дорад. Дар солҳои охир бо мақсади ташкили давлати хусусияти теократидошта (ҳокимияти динӣ) ҷоришавии тамоюли мухталифи экстремизм ва терроризм ба назар мерасад. Ба ҳамагон маълум аст, ки он ба шариати ислом бегона буда, ба озодандешӣ ва эътиқодҳои дигари мазҳабию динӣ дараҷаи баланди оштинопазирӣ дорад.

Вобаста ба ин падидаи номатлуб давлатҳо ва созмонҳои гуногун дар мубориза бо он талоши дастаҷамъонаро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мубориза бо экстремизм ва терроризмро дар меҳвари муносибатҳо аввалиндараҷа қарор додааст. Ба ҳама маълум аст, ки ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ фақат аз пайи қатлу кушторанд ва амалҳои онҳо ҳамеша зидди оромии ҷомеа аст, ки дар пайвастагӣ ба ин гурӯҳҳо ташкилоти экстремистиву террористи Паймони миллии Тоҷикистон шомил мебошад.

Фаъолияти Паймони миллии мухолифини кишвар дар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, ғасбу аз худ намудани арзишҳои миллии гумроҳ месозанд. Ин ташкилоти террористӣ ки роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ мебошад, худро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ башардӯст, амалҳояш сиёсати сафову ормонидошта, паймонкор, ҳалкунандаи мушкилоти башар ва ҷомеаи мусалмон намудор мекунад. Аммо дар асл ӯ бо амалҳои дурӯягиву маккорӣ, ҳилагариву дасисакорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ном баровардааст.

Халқи тоҷик дар муҳити сулҳу субот ва дар ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд ва истиқлолияти худро азизу муътабар медонанд ва ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои сохтаву разилонаи ташкилоти террористии Паймолни миллӣ нахоҳанд шуд.

Қосимов З.А. – ассистенти кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like