“Худкардаро даво нест вовайлои пинҳонӣ”

Дар лаҳзаҳои ҳассоси пешрафти ҷомеаи инсонӣ дар сайёра падидаҳои мухталифи сиёсӣ арзи вуҷуд мекунанд, ки ҳар як фард бояд нисбати онҳо мавқеи худро дошта бошад. Сайругашту саргардониҳо, сарсонӣ ва ҳангомаҳои роҳбари ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дар минбарҳои гуногун ҷору лоф задани ӯ як саҳнаест, ки фаъолияти масхарабоз дар сиркро мемонад.

Дар атрофи масхарабоз думҷунбонҳояш ба мисоли Мирзои Салимпуру Шарофиддин Гадоев, Муҳаммадиқболу Сайидюнуси Истаравшанӣ ва ғайра бо ҷаҳолату разилӣ дар интизори фоҷиаҳои ҷаҳонианд. Ин ҳолат ҳангоми сар задани бемории сироятии COVID-19 ва паҳншавии он дар миқёси мамлакатҳои олам исбот гардид. Зоҳиран, ин нафарони ватангадою ватанфурӯш худро ҷонибдори инқилоби исломӣ нишон медиҳанду дар асл бошанд, вазифаи гузоштаи хоҷаи маблағгузорашро аз давлати ба ҳамагон маълум иҷро мекунанд. Зеро, ҳадафу мақсади хоҷагонашон суст кардани шохаи суннати дини мубини ислом асту Кабирии манфур аллакай мазҳаби падариашро бо мазҳаби шиъа ва хиёнат бадал кардааст.

Мусаллам аст, ки рафтори Кабирӣ мутобиқи афсонаи бофтаи ҳадамоти амнияти кишвари зикрёфта асту роҳбари ҳизби мамнӯъи наҳзати ислом бо риояи қоидаҳои махфикорӣ маблағҳои ононро истифода мекунад. Вагарна, ӯ аз кадом манбаъ соҳиби хонаю дару рӯзғор шудааст. Охир, ӯ наметавонад мустақилона кор кунад ва луқмаи ҳалол ба даст орад, танҳо ватанфурӯшию хиёнатро ба худ касби асосӣ кардааст. Барои хоҷагони аҷнабияш авлотару боъэтимод он аст, ки хоини ватан Муҳиддин Кабириро мисли сагча дар занҷири дароз нигоҳ доранд вахуди ӯ низ ба кор зид нест. Ба ӯ одат шудааст, ки бо хиёнаташ ба манфиатҳои иқтисодиву обрӯи сиёсии давлати мо зарари маънавӣ расонад. Падидаи махлуқи сиёсии ҳайвонсириштии ин хоини Ватан дар он аст, ки пайомадҳои авомфиребонаи худромаҳсуб ба инқилоби исломӣ дарк карда наметавонад.

Ин ҷоҳили фосиқ намефаҳмад,ки натиҷаи инқилоб дар навбати аввал аз куштори зиёиён оғоз меёбаду баъдан ҳамаи норозиёнро қатлу маҳбас интизор аст. Ин риёкориҳои Кабирию думравонашро таърихи миллат собит сохтааст, ки мувофиқи мақоли халқии “худкардаро даво нест вовайлои пинҳонӣ” аст !!!!!

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like