Халқ интихоби худро кардааст!
11 – уми октябри соли 2020 дар мамлакат интихоботи президентӣ баргузор гардид, ки ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Дар қатори дигар номзадҳо номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президентии Тоҷикистон пешбарӣ карда шудааст. Дар мақолаи собиқадори меҳнат Содиров Исломиддин фикру андешаҳои ғаразноку иғвоангез оиди номзадии Эмомалӣ Раҳмон баён карда шудаст, ки онҳо ба ҳақиқати ҳол мувофиқат намекунад. Тавре маълум аст дар солҳои роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ рӯйдодҳои муҳиму назаррас ба амал омаданд.
Чунончӣ, дар ҷумҳурӣ саноат инкишоф ёфта корхонаҳои нав сохта ба истифода дода шуданд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 2300 корхонаи гуногуни саноатӣ фаъолият менамояд. Дар давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ беш аз 500 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сохти ба истифода дода шуд, ки дар онҳо номгӯи гуногуни маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст даровардани Истиқлолияти энергетикӣ аҳамият дода тадбирҳо андешида шудаанд. Дар натиҷаи амалӣ гардидани корҳо дар ҷумҳурӣ 273 адад нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта истифода дода шуданд. Солҳои 2018 – 2019 ду агрегати НОБ Роғун ба кор дароварда шуд.
Яке аз дастоварди дигар ин таъмин намудани амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар натиҷаи ба амал баровардани ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли тамоми намуди маҳсулоти зиёд гардида пояи устувор гузошта шуд. Дар баробари иқтисодиёт соҳаи маориф ва тандурустӣ инкишоф ёфт. Дар ҷумҳурӣ шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ пайдо гардида рушд ёфтанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 9 мактаби президентӣ, 75 гимназия ва 71 литсейҳо фаъолият доранд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад шумораи муассисаҳои тандурустӣ ба 4369 расонида шуд, ки он назар ба соли 1991 хеле зиёд аст. Дар баробари инҳо робитаи Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳони муосир ва созмонҳои байналхалқӣ сол аз сол мустаҳкам гардида истодааст.
Ҳоло Тоҷикистон аъзои 50 созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба шумор рафта дар ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ фаъолона иштирок намуда истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ба туфайли роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст дароварда шудаанд.
Бинобар ин Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои роҳбарии худ гузашт ва ӯ дар сурати боз интихоб гардиданиаш барои рушду нумӯъи Тоҷикистон боз корҳои зиёдеро ба манфиати давлат ва миллат анҷом хоҳад дод.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиноси ДДҲБСТ