Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 11 октябри соли 2020 рўзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Мо шаҳрвандони кишвар ин рўзро бесаброна интизор ҳастем, зеро тақдири ҳафт соли минбаъдаи кишварамон муайян мешавад. Тибқи нишондоди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси арзанда ва бо ору номус ба ин вазифаи пурифтихор ва масъулиятнок интихоб хоҳад шуд.

Интихобот албатта мавҷудият ва иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои ин ҳизбҳоро дар назар дорад. Ва ҳамин хел ҳам ҳаст. Дида истодаем, ки якчанд ҳизб номзадҳои хешро барои иштирок дар интихобот пешбарӣ намуда истодаанд. Ин худ боиси хурсандӣ ва дарки шуури баланди сиёсии мардуми мамлакат мебошад, ки аз байни ин қадар довталабони арзанда як номзади беҳтаринро интихоб менамоянд.

Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, номзадии худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ пешбарӣ намудааст. Лекин дар фазои интернетӣ сару садоҳое ба назар мерасанд, ки бо масқара ва бо як таҳқир инро баён намуда, ба номзадии арзандаи Пешвои миллат барои ишғоли вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нобовариро баён кардааст.

Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ки шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пеш аз интихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумхурӣ ихтиёрӣ ва дар асосхои баробар иштирок мекунанд. Овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти ҷумҳурӣ пинҳонӣ мебошад ва шаҳрвандон онро бевосита амалӣ менамоянд. Ҳар шаҳрванд як овоз дорад. Назорат ба изхори иродаи шахрвандон мумкин нест. Аз ин лиҳоз таъсир расонидан ба афкори ҷомеа нисбати ташаккули ақида доир ба номзадии ин ё он шахс ва паст задани қадру қиммати бо овардани маълумоти бардурўғ низ ҳуқуқвайронкунӣ арзёбӣ мегардад.

Дар мақолаи таҳлилшаванда бо як тарзи ахмақона ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон муносибат намуда, кўшиш карда шудааст, ки ба шуур ва афкори сиёсии интихобкунандагон таъсири манфӣ расонад.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор менамоем, ки иштироки бевоситаи ҷомеа ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаи интихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро инкишоф дода, барои боз ҳам амиқтар фаҳмидани умеду орзу, дархосту пешниҳодҳои меҳнаткашон шароити мусоид фароҳам меорад.

Маъракаи пешазинтихоботии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муътадили ҷамъиятию сиёсӣ мегузарад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ фазои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  устувор гардида, сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ таҳким ёфта, некўаҳволии мардум рў ба беҳбудӣ ниҳодааст. Теъдоди зиёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ бунёд гардида, робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ  ва байналмилалии ҷумҳурӣ ҳарчи бештар вусъат меёбанд.

Аз ин рў, интихоботи санаи 11 октябри соли 2020 нишон медиҳад, ки мардуми бо ору номуси Тоҷикистон овози худро ба кадом номзад медиҳад.

 Солиев И.М. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like