Бетартибиҳои оммавӣ дар Белорусия аз байн мераванд!

Бетартибиҳои оммавӣ дар Ҷумҳурии Белорусия вақтҳои охир бисёр расонаӣ гардида, боиси ноором шудани фазои сулҳу амният дар ин мамлакат шуда истодааст. Албатта ин ҳолат боиси нагаронист. Ҷумҳурии Белорусия яке аз кишварҳои амну пешрафтаи пасошуравӣ мебошад, ки аҳолии он дар шароити сулҳу оромӣ зиндагии осудаҳолона мебаранд. Сиёсати пешгирифтаи ҳокимияти давлатӣ бо роҳбарии А.Лукашенко  баҳри таъмини шароити арзандаи зиндагии ҳар як сокини Ҷумҳурии Белорусия равона шуда аст ва халқи белорус аксарият инро дарк мекунанду ҷонибдор ҳастанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо натиҷаи охирон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Белорусия  мебошад, ки 9-уми августи соли равон даври ниҳоии интихобот баргузор шуд. Мувофиқи натиҷаҳои қаблӣ, дар интихобот Александр Лукашенко бо гирифтани 80,1% овозҳо ғолиб омад.

Бояд қайд кард, ки ҳокимияти халқ ин ҳокимияти аксарият аст ва аксарият шаҳрвандони Ҷумҳурии Белорусия ҳамчун сарчашмаи ҳокимият роҳбари арзандаи худро интихоб карданд ва ақалияти мухолиф инро бояд эътироф намоянд. Ба андешаи шахсии мо ҳеҷ сокини  муқимии Ҷумҳурии Белорусия бетартибию нооромӣ дар киварашро намехоҳад, чунки шароити зиндагии мардуми белорус дар сатҳи олӣ қарор дошта осудаҳолона умр ба сар мебаранд. Президенти ин кишвар Александр Лукашенко ба халқи худ содиқу лоиқ аст ба мисли певои мо тоҷикон.

Воқеаҳои дар Ҷумҳурии Белорусия рухдодаистода дар зеҳни мо ҳодисаҳои хануз дар солхои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон аз ҷониби ТЭТ ҲНИ  бо дасти хочагони хориҷии худ бавуқуъовардаро бахотир меоранд. Сенарияи инкилоби Белорусия, Украина бо ходисахои Точикистони солхои навадум қариб як аст.

Баъзе давлатҳои Аврупо хоҳони ба миён овардани бетартибии оммавӣ дар Ҷумҳурии Белорусия ва бо ин роҳ иваз кардани ҳайати ҳокимияти давлатии амалкунанда мебошанд, барои он ки роҳбарияти Ҷумҳурии Белорусия ба иродаи онҳо моил намебошаду онҳо дар ҷустуҷуи чунин шахси ба иродаи онҳо итоаткунандаро мехоҳанд ва барои расидан ба ин мақсадҳои нопоку ғаразноки худ аз ҳама воситаву имкониятҳои худ истифода намуда истодаанд. Ба мисли оне ки солҳои навадуми асри гузашта бо маблағгузорӣ ва дигар кумакҳои хоҷагони хориҷии худ ташкилоти ифротию террористии  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид.

Мо ба иродаи қавӣ ва устувории ваҳдати миллии халқи белорус эътимоди комил дошата, бо бовари қайд менамоем, ки мардуми белорус давлату миллати худро соҳибӣ менамояд ва ин бетартибиҳо дар наздиктарин фурсат аз байн бурда мешаванд.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like