Авфи аъзои собиқи ТЭТ ҲНИ
Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ нисбат ба Зан – Модар қайд мекунанд: «Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд».
Аммо мутаасифона бархе аз модарони тоҷики мо ба ҳар гуна домҳои фирефтаву фитнаангези гурӯҳҳои мухолифин ба дом афтода, аз сарнагун шудани худ бехабар мемонанд. Бояд зикр кард, ки шомил шудани зани тоҷик ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо пушаймонӣ дошта, ба яке аз зани тоҷик Зарафо Раҳмонӣ таъсир расонидааст.
Чи тавре, ки собиқ аъзои ТЭТ ҲНИ Зарафо Раҳмонӣ қайд мекунад «Озодӣ барои ҳама ширин аст, аммо ба назарам, барои ман аз ҳама ширинтар! Зеро вақте, ки ман модари зиндонӣ бошаму фарзандон дар суроғи модар. Озодӣ беҳтарин неъматест, ки Худованд бароям бо дасти Пешвои миллатамон ато кард».
Маҳз ана ҳамин гуна ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, барои зан модар озодиро зарур шуморида гуноҳи нобахшандаи онҳоро мебахшанд ва ин бори аввал нест. Зеро ТЭТ ҲНИ ҳизбе ба ҳисоб мерафт, ки барои боз як бори дигар дигаргун сохтани сохти конститутсионии кишвар, табаддулоти Тоҷикситонро ба даст овардан буд. Ин ҳаракатҳои онҳо барои тамоми давлатҳои дигар низ фош гардида, исботи худро барои ифротгароӣ доштанашон муайян гардид. Маҳз бо ҳушёриву зиракии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар кирдорҳои пардапўшонаи онҳо саривақт ошкор гардида, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид нисбати шахсоне, ки бо кирдорҳои ифротгароӣ даст задаанд аз рўзмарра ва одилона будани хулосаи суд шаҳодат медиҳад. Зеро фаъолияти шахсоне, ки ба кирдорҳои ифротгароӣ даст задаанд, зиддиқонунӣ буда, ба ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар таҳдиди хатар дорад, ки боиси низоъангезӣ муноқишаи иҷтимоӣ, зўроварӣ ва дигар оқибатҳое, ки ягонагии мардумро халалдор месозад шуда метавонист.
Ғайр аз ин, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати ислом бинобар хусусияти террористӣ ва экстремистӣ доштан манъ карда шудааст. Кирдорҳои аъзоёни ин ҳизб маҳз барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ, бетартибиҳои оммавӣ, ба зўроварӣ тағйир додани сохти давлат аз дараҷаи баланди хавфноки онҳо шаҳодат медиҳад, ки бо далелҳои раднашаванда тасдиқи худро ёфтааст.
Аммо ба ин нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи занону модарони бузургро қадр карда, заҳмату фидокориҳои онҳоро ба назар гирифта, ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузоранд.
Кабирзода Г.Қ. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ