Монандии майдони наҳзату Тихоновская
Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки 9-уми августи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия марҳилаи асосии интихоботи Президентӣ баргузор гардид. Раванди интихобот аз он шаҳодат медиҳад, ки маъракаи муҳими сиёсӣ тибқи қонун ва санадҳои амалкунанда дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифтааст. Пеш аз ҳама, мавриди тазаккур аст, ки принсипҳои демократии баргузор намудани интихобот пурра риоя гаштааст. Масалан, принсипи гуногунандешӣ, ё худ алтернативӣ ба назар мерасад, ки тибқи он дар интихоботи соли ҷорӣ 5 номзад иштирок намуданд.
Мувофиқи натиҷаҳои қаблӣ дар интихобот Александр Лукашенко бо гирифтани 80,1% овозҳо ғолиб омад, ки воқеӣ мебошад. Намояндаи мухоифин Светлана Тихановская бошад, ҳамагӣ 10,1% овозҳоро соҳиб гашта, беасос даъво дорад, ки гўё 80%-и овозҳоро соҳиб шуда бошад. Ин даъвои дурўғин сабаб гардид, ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ноором гардад. Албатта, мақсади асосии мухолифини Белоруссия ҳамин аст, ки бо ҳар роҳу усул вазъи сиёсиву иҷтимоии кишварро ноором сохта раванди интегратсиониро миёни Белоруссия ва Федератсияи Россия халалдор намоянд. Мухолифин аз фурсати муносиби интихоботи президентӣ истифода намуда бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони бурунмарзии худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба маъракаи чеҳрасозии намояндагони мухолифин кўшиш карданд. Дар натиҷа ҳисси норозигӣ ва афкори эътирозии шаҳрвандон зиёд шуда, ҳаракати аз берун идорашавандаи мухолифин ба вуҷуд омад.
Раванди таблиғоту ташвиқот бо истифода аз интернет дар Белоруссия рўз ба рўз шиддат мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мухолифин вазъи сиёсиро ноором сохта, мақсадҳои нопоки худро амалӣ карданиянд.
Чунин рафтори мухолифин вазъи слҳои 90-уми Тоҷикистонро ба ёд меорад. Дар он солҳо дар Тоҷикистон вазъияти ноором айнан ҳамин хел оғоз ёфта буд. Мухолифини тоҷик бо ёрии хоҷагони бурунмарзии худ андешаи барпо намудани давлати исломиро ҳар чи бештар таблиғу ташвиқ намуда теъдоди зиёди одамонро ба майдонҳо бароварда, ҷонибдорони худро пайдарпай афзуда, ба аз байн рафтани давлати тоҷикон заминаи мусоид фороҳам оварданд. Мухолифини тоҷик аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ дастгирӣ карда мешуд. Дар шароити имрўзаи Белоруссия ҳам мухолифинро кишварҳои Аврупо ва ИМА дастгирӣ мекунанд. Мақсадашон иборат аз он аст, ки ҳар чи бештар ҳукумати вақти Белоруссияро ба чашми мардум бад намуда, барҳам зананд ва ба сари қудрат биёянд.
Изҳороти Яқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ