Овозаҳои бардурӯғи мухолифин!
Фаъолияти ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи махсуси муҳаққиқон, сиёсатшиносон, файласуфон ва ҷомеашиносону ҳуқуқдонон қарор дорад ва дар тамоми давраи фаъолияти сиёсии хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътибору нуфузи баланд бархӯрдор аст.
Пешвои миллат марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуданд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузоштанд. Мо Пешвое дорем, ки пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ба халқи худ гузаштаи таърихиашро баргардонад. Сарвари давлат бо хирадмандию фурӯтанӣ ва дардошноии хеш ба дилу дидаҳо ҷо гирифт ва дар роҳи бунёди пояи сулҳу ваҳдат муваффақ шуд.
Ояндаи кишвар, пешрафти мамлакат, пойдевории давлат ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ба нерӯ, ақлу заковат, муҳаббати ҷавонон ба халқу Ватан иртиботи ногусастанӣ дорад. Ин аст, ки Пешвои миллат ҷавононро нерӯи бузурги бунёдкору созанда ва захираи тиллоии миллату давлат номидааст.
Он миллате босаодат ва пирӯз аст, ки сарвараш оқилу хирадманд ва тӯдакашу соҳибфазилат бошад. Хушбахтона, миллати тоҷик дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин хислати олиҳимматӣ ва накӯпешагиро мебинад.
Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Эмомалӣ Раҳмон бо хизматҳои бемислу монанд барои ягонагии Ватан, пойдории давлати Тоҷикистон ба ҳайси сиёсатмадори ҷаҳонӣ эътироф гашта, сарзамини аҷдодиамон туфайли сарварӣ, роҳнамоӣ ва саъю талоши хастагинопазирашон аз ҷанги бемаънӣ раҳо ёфту обод гардид, демократия таҳким ёфт, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гашт, арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ ҳифз шуд, шароити зиндагии шоиста ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон фароҳам омад.
Баробари ин таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст.
Пешвои миллат дар сиёсати давлатии худ ободкориву созандагиро дар мадди аввал гузоштаанд. Татбиқи се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва эълон шудани ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат вазъи иҷтисодиву иҷтимоии кишварро куллан дигар намуд.
Маркази гармидиҳии Душанбе, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, равнақу ривоҷи муносибатҳои бозоргонӣ, хусусигардонии моликият, бунёди ҳазорҳо гектар боғу ток аз сиёсати хирадмандона ва ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳанд.
Нуктаи дигар шоистаи зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ғами миллати хеш, балки аз мушкиливу муаммоҳои глобалии ҷаҳонӣ андеша мекунанд ва дар ҳалли онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки бо ибтикори Сарвари хирадсолори кишварамон солҳои 2018 – 2028 ҷараён дорад, ки дар кори баланд бардоштани сатҳи донишу огоҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об мусоидати хуб мекунад.
Махсусан, ибтикори Сарвари давлат дар мавриди эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои боз ҳам ободу зебо гардидани диёри офтобию зебои кишварамон такони ҷиддие мебахшад.
Имрӯз осоишгоҳҳо, мавзеъҳои таърихӣ бо тарҳи ҷадид азнавсозӣ мешаванд. Дастури созандаи Сарвари давлат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бобати эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷикон барои эҳёи мавзеъҳои таърихӣ асос шуданд.
Туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Ин нишони саодати миллат аст ва аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар тақозо мекунад, ки ба хотири боз ҳам ободу шукуфоии диёр дар доираи 1300 рӯзи бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳме дар пешрафти меҳнати худ гузорад.
Мо бо чунин абармарди покизаназар ва шахсияти баркамол ифтихор дорем. Мардуми мо гавҳаршинос аст ва ба қадри заҳматҳои бесобиқаи Роҳнамои миллати худ мерасад ва самимона дӯст медорад.
Дар пеш маъракаи интихоботи Президентӣ аст, ягон гуфтаҳо ва навиштаҳои гурӯҳҳои мухолифин зери роҳбарии Паймони миллии Тоҷикистон садди роҳи ин маъракаи муҳим шуда наметавонад ва халқи гавҳаршинос худ медонад ба кадоме аз номзадҳои арзанда овоз диҳад. Бо ҷонибдории Презединети мардумӣ бояд бошем!
Муҳиддинов М. – н.и.б. дотсенти кафедраи
маркетинг агробизнеси ДДҲБСТ