Зиндагии омӯзандаи олими таърихшинос
Нимаи дуюми 28 августи соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии фаъолияти илмию эҷодии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олими сермаҳсул ва муаррихи варзида, номзади илмҳои таърих, дотсент Тоатов Ҳабибулло чорабинӣ доир гардид. Дар маҳфил роҳбарияти донишгоҳ, олимону донишмандону шогирдону пайвандони Ҳабибулло Тоатов ширкат намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода баромад намуда, аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбати олимону донишмандон ёдовар гардид. Роҳбари донишгоҳ саҳми Ҳабибулло Тоатовро дар таҳлилу таҳқиқи таърихи мамлакат, тайёр намудани шогирдони сазовор назаррас арзёбӣ кард.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода номаи шодбошии раиси вилоятро баён намуд. Зикр шуд, ки тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстона, кору пайкори мондагори чунин абармардон дарси омӯзанда барои ҷавонон мебошад. Илова гардид, ки саҳми ин олими шинохта ва инсони нексиришт бо меҳнати бисёрсолаи худ дар татбиқи сиёсати хирадмандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбияи мутахасисони соҳаи таърихшиносии муосир назаррас мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамкору шогирдон Фурқат Ҳомидов ва Дилшод Олимов вобаста ба фаъолияти сермаҳсули муаррих ва кору пайкори навмунавиаш баромад карданд. Ҳамчунин дӯстону ҳамсабақон ва пайвандон аз фаъолияти илмиву эҷодии Ҳабиббулло Тоатов ёдовар шуданд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур арҷ гузоштан ба заҳмат ва кору пайкори мондагори ин муаррихи варзида, тарғиби андешаҳои ватандӯстонаи ӯ ба ҷавонон маънидод гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










