ДДҲБСТ: Омӯзиши гузаронидани видеомашғулият

Тибқи супориши рохбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба таълим Ҳаким Ғаюров дар толори маҷлисгоҳи бинои асосӣ семинар-машварат оид ба шиносоӣ бо барномаи компютерӣ барои сабти видеомашғулият, бо иштироки омӯзгорони факултетҳо баргузор гардид.

Аз тарафи мутахассисони бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ барномаи компютерии CamtasiaStudio муаррифӣ гардида, имконияту бартариҳои он фаҳмонида шуд. Барои боз ҳам вусъат бахшидани ҷараёни ташкили сабти видеомашғулиятҳо, мудирони лабораторияҳои факултетҳо низ иштирок намуданд.

Дар марҳилаи якум, ки аз санаи 12 то 15 август доир шуд, барои пайдо нашудани монеъаҳо дар вақти сабти видеомашғулиятҳо, аз тарафи мутахассисони бахш корҳои фахмондадиҳӣ вобаста ба насби барнома гузаронида шуд.

Дар марҳилаи дуюм, ки аз санаи 17 то 26 август ҷараён гирифт семинар машваратҳо дар факултетҳои молия, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносӣ гузаронида шуд. Дар дигар факултетҳо аз тарафи мутахассис ва web-барномасозӣ мунтазам машваратҳои инфиродӣ ба омӯзгорон ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунин, барои омӯзиши таҷрибаҳои донишгоҳҳои хориҷии пешқадам омӯзгорони донишгоҳ дар онлайн-курсҳо ба қайд гирифта шуда, малакаи касбиашонро оид ба самаранок истифода намудани технологияҳои коммуникатсионӣ дар раванди таълим баланд мебардоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like