Устоди ДДҲБСТ соҳиби ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гардид
28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Дар маросими мукофотсупорӣ як гуруҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 гардидаанд.Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника супорида шуд.
Шуҳрат Саидзода, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, сазовори ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Шӯҳрат Саидзодаро ба ин дастоварди беназир шодбош намуда, барои корҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва тарбияи шогирдони зиёд барору комёбӣ орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа