Интихоботи Белорус бидуни тақаллубкорӣ!

Интихоботи навбатии дар Ҷумҳурии Белорусия баргузоргардида дар як шароити вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Аз як тараф муташанниҷ будани вазъи сиёсии сайёра, аз тарафи дигар бошад ҷаҳонро фаро гирифтани бемории шадиди сироятии “каронавирус” ва сеюмин  вазъи муташанниҷи дар дохили ин мамлакат буда мебошад.

Дар интихоботи навбатии барпо гардида панҷ номзад аз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни амалкунанда ширкат варзидаанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чун дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мавҷуд буда, намояндагони мухолифини ин кишвар низ номзади худро пешниҳод намуда, дар интихобот иштирок намуданд.

Новобаста аз вазъи баамаломада Президенти кунунии кишвари Белоруссия Александр Лукашенко бо гирифтани аксарияти овозҳо дастболо гардида Президенти Белоруссия интихоб гардид. Ин воқеаи фараҳбахши барпогардида бори дигар собит сохт, ки мардуми ба нангу номуси Белоруссияи ба мо дӯсту бародар дар интихоби номзади арзандаи худ ба иштибоҳ роҳ надод.

Намояндаи мухолифини Белоруссия Светлана Тихановская дар ин интихоботи номзад ба мансаби Президенти кишвари Белоруссия ширкат варзида, ҳамагӣ 10% овоз гирифтаасту халос. Баъди ба анҷом расидани ин маъракаи сиёсӣ ситоди Тихоновская эълон доштааст, ки гуё номзади мухолифин дар интихоботи барпогардида зиёда аз 80% овозҳоро соҳиб гашта бошад.

Вале ин факту рақамои бардурӯғи мухолифини Белоруссия мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз аз оғози соли нави 2020 вазъи сиёсиву иҷтимоии Белоруссия ба муташанниҷшавӣ омада буд. Мухолифини Белоруссия бо робарии Сергей Тихоновский бо истифода аз сомонаҳои интернетӣ бо таблиғотҳои гуногун худро ҳамчун яке аз чеҳраҳои шинохтаи Белоруссия муррифӣ намуда буд.

Дар давраи пешазинтихоботӣ дар Белоруссия роҳбари мухолифин Сергей Тихоновский бо роҳи истифодаи зӯроварӣ хост ғасби ҳокимият карда , бетартибиҳои оммавиро ташкил намуд, ки дар натиҷа аз тарафи мақомотҳои давлатӣ боздошт гардида буд. Инчунин кишвари Белоруссия  якчанд нафар шахсиятҳои дигари мухолифин, ки бо азонихудкунии маблағҳои давлатӣ ва дигар корҳои ношоиста даст зада буданд онҳоро низ боздошт намуданд. Дар ин давра аз тарафи рӯзноманигорони  зерсохтори  “ Радиои озодӣ” дар кишвари Белоруссия ҳар гуна ташвиқоту тарғиботи бардуруғи зиддиҳукуматиро паҳн намуда, мардумро гумроҳ сохта онҳоро ба самти мухолифин  мекашиданд. Бо ин кирдорҳои хоинонаашон аз марзи кишвари Беларуссия бароварда шуда буданд.

Бояд қайд намуд, ки сенарияи мухолифини Белоруссия ба сенарияи мухолифини тоҷик шабоҳат дошта, ягона мувафақияти худро дар он медиданд, ки танҳо бо роҳи зӯрӣ ҳокимиятро ғасб намоянд ва хуни мардуми бегуноҳ рехта шавад.

Он ҳодисаҳои нангини мудҳише, ки ба сари мардуми бегуноҳи Тоҷикистон мухолифин оварда буданд басари мардуми ягон кишвари дигар наояд. Зеро кирдорҳои ваҳшиёнаву бераҳмонаи мухолифини тоҷик  аз дили мардуми тоҷик нарафтааст.

Дар ин самт хизмати хирсонаи хоҷагони кишварҳои хориҷӣ хеле зиёд буда, бо ҳар роҳ мехоҳанд бо андешаҳои ғаразонаашон  вазъияти оламро халалдор ва ноором созанд.

   Мирзоев А. – сармуаллими кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like