Вазъиятро бояд бо роҳи осоишта ҳал намуд
Имрӯз дар Ҷумҳурии Белоруссия пас аз интихоботи президентӣ митингу роҳпаймоиҳо бо дастгирии мухолифин ташкил гардида авзои сиёсии мамлакатро ноором гардонида истодааст.
Бояд қайд кард, ки ин ҳама нооромиҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ дар Белоруссия ташкил гардида истодаст, ки онҳо нияти аз сафи ҳокимият озод намудани президент А.Лукашенко мебошад. Давлатҳои Ғарб ба ҳокимияти президент Лукашенко бо нафрат муносибат намуда истеъфои ӯро хоҳон мебошанд. Тавре маълум аст дар солҳои роҳбарии президент А.Лукашенко аз ҷиҳати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ҳаматарафа инкишоф ёфта истодааст. Аксарияти маҳсулот дар дохили мамлакат истеҳсол карда мешавад. Давлатҳои абарқудрати Ғарб ҷонибдори он ҳаст, ки дар ин давлат мавқеи геополитикии худро устувор намуда Белоруссияро ба худ побанд гардонанд. Бинобар ин давлатҳои Ғарб аз вазъияти ба амал омада истифода намуда ба мухолифин ёрии ҳаматарафа расонида истода нияти сарнагун кардани Лукашенкаро доранд. Давлатҳои Ғарб худро ҷонибдори демократия меҳисобанд ва онҳо хуб медонанд, ки интихобот дар руҳияи принсипҳои демократӣ баргузор гардида Лукашенко 80 фисади овозҳоро ба даст овард.
Натиҷаи интихоботро нозирони давлатҳои хориҷӣ иштирок намуданд ва натиҷаи онро мусбӣ арзёбӣ намуданд. Аммо давлатҳои Ғарб аз натиҷаи интихобот норозигӣ намуда мухолифинро ба мубориза бархезониданд. Бояд қайд кард, ки чунин вазъиятро давлатҳои манфиатхоҳ пештар дар Украина, Арманистон, Қирғизистон ташкил намуда буданд. Ҳамин таҷриба имрӯз дар Белоруссия ташкил карда шуда истодааст.
Низоъи дохилии Белоруссия ин кори дохилии давлат мебошад ва онро давлат бо ҳамроҳии ташкилоту гурӯҳҳои ҷамъиятӣ бояд бо роҳи осоишта ҳал намоянд. Аммо давлатҳои манфиатҷӯ инро намехоҳанд ва мухолифинро ба мубориза даъват карда истодаанд. Чунин рафтору муносибат вазъиятро дар мамлакат боз ҳам душвор мегардонад, ки чунин муносибат бар хилофи принсипҳои демократия мебошад.
Боварӣ дорем, ки халқи белорус вазъияти ба амал омадаро бо роҳи осоишта ҳал намуда дастовардҳои худро ҳифз менамояд.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ