Паси бозиҳои сиёсӣ қувваи сеюм меистад

Ҳодисаву воқеаҳое, ки ҳар рўз аз тариқи телевизион мебинем, моро ҳушдор месозад, ки сари масъалаҳои доғи рўз дурусттар андеша ронем. Ҷаҳони имрўз, ки бо коронавирус олуда аст, боз ин ё он давлати пешрафтаву аз ҷиҳати иқтисодӣ таъмин буда, бозии дасти сеюм қарор гирифта истодааст, ки ин вазъияти бахусус дар Белорусия ба амал омада, воқеаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба хотир меорад.

Вазъияте, ки имрўз дар Белорусия ба амал омадааст, ин пеш аз ҳама фаъолияти нокифояи самти идеологӣ ба ҳисоб меравад. Мардумро, бахусус ҷавононро гумроҳ намудан дар ин замони пешрафти техникӣ хеле осон аст, зеро онҳо бе таҳлили вазъият ба ҳар гуна сухан ё муаммои гузошташуда бовар мекунанд. Солҳои қабли чунин фазо дар Украина ба амал омада буд, имрўз ҳам вазъияту қазияи ин кишвар барои ҷомеаи ҷаҳон мубрам боқӣ мемонад. Албатта паси бозиҳои сиёсӣ дасти пурқудрате ҳаст, ки вазъияти кишварҳои ба ин ҳол афтодаро бўҳронӣ сохта, мехоҳад суд бардорад.

Пас аз пош хўрдани давлати Шўравӣ сиёсибозиҳои дасти сеюм дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилиро ба бор оварда, мехостанд ба ҳамин минвол ватани моро несту нобуд, мардумашро ба мисли сокинони Сурия сарсону саргардон созанд. Ҳушёрӣ ва далерии абармардоне чун Президенти кишвар буд, ки мо имрўз дар фазои орому осуда зиндагиву кору фаъолият мекунем. Таърих такрор мешавад, мегўяд халқ, аммо харобиҳое, ки сари ин ё он мардуми сайёра оварда, “гўр сўзаду деги қаландар ҷўшад”-иданаш, албатта сиёсатсозиҳои дасти сеюм аст, ки мехоҳад кишвари пешрафтаеро чун Белорусия ба мисли Сурия ба харобазор табдил диҳад. Албатта халқи Белорус рисолати шаҳрвандии худро иҷро намуда, намегузоранд, ки бо баҳонаи интихоби президент дар кишварашон хараҷу мараҷҳои дар Украина шударо роҳ диҳанд. Ба ақл ва идроки мардуми бофарҳанги Белорус бовар дорем, ки ин вазъияти ба амал омадаро бо роҳи сулҳ ҳал хоҳанд кард.

Ба сокинони кишвари азизам гуфтаниам, ки ҳеҷ гоҳ ба суханони нангбори ТЭТ ҲНИ бовар накунанд, ин тоифа дар ҳама ҳол душмани ашадии тоҷикон боқӣ мемонанд.

Рахматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like