Низои сиёсӣ дар Белорусияи муосир ва сабақи бебаҳои сулҳи тоҷикон

  Имрўзҳо дар Тоҷикистони муосир сулҳу субот, ваҳдати миллӣ бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пойдор аст ва ин воқеият мебошад.  Фазои кунунии оромӣ, созандагӣ ва осоиштагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Олимони соҳаи низоъшиносӣ (конфликтология) исбот намудаанд, ки дар таърихи сиёсӣ дар мўҳлати кўтоҳтарин ноил гаштан ба сулҳ, пойдор нигоҳ  доштани он саҳифаҳои бисёр камшумор ҳастанд. Мо борҳо сидқан таъкид менамоем: таърих гувоҳ аст, ки дар баъзе давлатҳо оташи ҷанги дохилиро аққалан паст кардан имконнопазир мебошад, ба ин кишвари ҷангзадаю абгор гардида, ҳамсояи мо Ҷумҳурии исломии Афғонистон мисол шуда метавонад.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (17.04.2020) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуданд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ беш аз як миллион нафар шаҳрвандони мо ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурданд, яъне гурезаи иҷборӣ шуданд ва зиёда аз 150 ҳазор нафари дигар ҳалок гардиданд. Ҳол он ки дар давоми қариб ҳафт соли Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, 100 ҳазори онҳо ҳалок шуда буданд.

Имрўзҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар давлатҳои пасошўравӣ аз ҷониби қувваҳои иғвокунандаи он идома дорад .Воқеаҳои солҳои охир собит менамоянд, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ дар фазои пасошўравӣ маҳз аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ тарҳрезӣ шуда истодаанд. Рўзҳои сахте, ки мардуми Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX аз сар гузаронд, имрўзҳо ибтидо аз соли 2014 ба сари мардуми Украина ва рўзҳои охир (ибтидо аз 9 августи соли 2020) ба сари мардуми Белоруссия омад.  Тибқи маълумотҳои расмии воситаҳои ахбори умум, 9-уми августи соли 2020 марҳилаи асосии интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия баргузор гардид. Аз 4-ум то 9-уми август овоздиҳии қаблӣ эълон шуда, давоми панҷ рӯз дар интихобот 32%-и овоздиҳандагон ширкат варзиданд. Дар ҳудуди Белоруссия 5767 участкаҳои интихоботӣ ташкил шуда, инчунин, барои беморон дар 231 шифохонаҳо ва барои хизматчиёни ҳарбӣ 13 адад нуқтаҳои овоздиҳӣ фаъолият доштанд.

Дар интихоботи соли ҷорӣ 5 номзад иштирок намуданд: президенти кунунӣ Александр Лукашенко, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии Белоруссия «Грамада» Сергей Черчен ва номзадҳои беҳизб Тихановская Светлана, Анна Канопатская ва Андрей Дмитриев.

9-уми август даври ниҳоии интихобот баргузор шуд. Мувофиқи натиҷаҳои қаблӣ, дар интихобот Александр Лукашенко бо гирифтани 80,1% овозҳо ғолиб омад. Намояндаи мухолифин Светлана Тихановская ҳамагӣ 10,1% овозҳоро соҳиб шуд. Ҳамзамон, намояндагони ситоди Тихановская эълон карданд, ки аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии алтернативӣ (онлайн), номзади мухолифин бо беш аз 80%-и овозҳо дар мақоми аввал қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки С.Тихановская ва пайравони ў ҳанўз то оғози интихобот чунин даъворо (беш аз 80% овоз гирифтанро) карда буданд, ки ин ба ақли солим мувофиқат намекунад. Аз як тараф А.Лукашенко, ки ҳамчун Арбоби барҷасти давлатӣ бо собиқаи тўлонии сиёсӣ эътироф шудааст, аз дигар тараф С.Тихановская – ҳамчун зани хонашин, дар натиҷаи таблиғоти пешазинтихоботӣ ҳамчун чеҳраи сиёсии намоён арзёбӣ гардид.

Нишонаҳои табаддулотҳо дар Украина ва кўшиши он дар Белоруссия, нишон медиҳанд, ки иғвогарон ва ҷангҷўёни хориҷӣ ҳамчун қолаб дар рафтори ТЭТ ҲНИ инъикос гардида истодаанд.      Гарчанде  ки онҳо ҳамчун ташкилоти террористӣ саркўб шуданд (ва ин сад фоиз дуруст ҳам ҳаст, чунки онҳо хоинони ватанфурўш мебошанд), лекин чун мори ниммурда  овоз бароварда истодаанд, ки он овози ҷанг аст.

Мо бояд дар назар дошта бошем, ки маҳз дар ҳудуди Белоруссия (мавзеи Беловежское Пуша, ки дар истифодаи якҷои давлати Белорусия ва Полша қарор дорад), бо қарори ғайриқонунии Президентҳои вақти Россия,Украина, Белоруссия соли 1991 Иттиҳоди Шўравиро барҳам доданд.  Пайравони идеологҳое , ки Иттиҳоди Шўравиро барҳам доданд, имрўзҳо мехоҳанд дар тамоми қаламрави  ин давлати собиқ ҷангу ҷидол, бесару сомониро идома дода, сулҳро халалдор намоянд. Бинобарт ҳамин мо дар гирди Ҳукумати имрўза бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳид гардида, барои мустаҳкамии сулҳ, оромӣ дар Тоҷикистон истодагарӣ намоем. Моҳияти ТЭТ ҲНИ, нақши он дар ҷанги шарҳвандӣ дар мамлакати моро ба мардум боисрор фаҳмонем. Бояд дарк намоем, ки нисбати воқеаҳои сиёсии Белоруссияи муосир бетараф набошем, чунки мо дар қатори Арманистон, Россия, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон аъзои Созмони Шартномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошем.

Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (11.10.2020с.) дар пешистода ҳар яки мо сабақҳои ҷанги шаҳрвандии аз гузаронидаро набояд аз хотир барорем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем. Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои мо роҳнамои ҳамарўзааст.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, барои пойдории сулҳу субот, амнияти давлат, оромии ҷомеа ва пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварамон тамоми имконият ва нерӯи мавҷудаи худро сафарбар намоем.

Пўлотов К. – сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,

криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like