Боздиди раиси вилоят аз ДДҲБСТ
Имрӯз 19 августи соли 2020 раиси Ситоди вилоятии пешгирӣ аз бемории Ковид-19, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия, ҳолати иҷрои дастуру тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз бемории Ковид-19 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсвати Тоҷикистон ташриф овард. Роҳбари вилоят ба чанде аз синфхонаҳои донишгоҳ ворид гардида аз раванди таълим шинос шуд ва бо устодону донишҷӯён суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Қайд гардид, ки бояд устодону донишҷӯён тамоми талаботу меъёрҳои пешниҳоднамудаи Ситодҳои ҷумҳуриявиву вилоятӣ оиди пешгирӣ аз бемории Ковид-19, тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиву Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро риоя намуда, намунаи ибрат барои дигарон бошанд.
Ёдовар мешавем, ки барои пешгирӣ аз бемории ҳамагири коронавирус дар ДДҲБСТ аз лаҳзаҳои нахусти паҳншавии беморӣ то ба имрӯз тамоми чораҳои пешгирикунанда андешида шудааст. Кашидани хатҳои уфуқии риояи масофаи иҷтимоӣ, санҷиши ҳарорати бадани устодону донишҷӯён, ҳамарӯза анҷом додани корҳои безараргардонӣ, захираи маҳлулу маводи пешгирикунанда, пӯшиши ҳатмии ниқоб аз корҳое мебошанд, ки дар донишгоҳ ба таври зарурӣ анҷом дода шудаанд.
Раиси Ситоди вилоятии пешгирӣ аз бемории Ковид-19 Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кормандону устодон тавсия дод то тамоми талаботу тавсияҳо баҳри пешгирии бемории ҳамагири коронавирус иҷро гардад ва ҳифзи солимии ҷомеаи меҳнатии муассиса дар мадди аввал гузошта шавад. Дар ин рӯз туҳфаҳои роҳбари вилоят аз қабили маҳлули гепохлориди натрий, ниқобу антисептик ва теъдоди китобҳои тозанашр ба донишгоҳ тақдим гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода дар интиҳо барои ташриф ва кӯмак ба Раиси вилоят миннатдории раёсати донишгоҳро баён намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









