ДДҲБСТ: Рӯзи дониш бо тамошои дастаҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид
Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Имрӯз санаи 17-август соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.
Бинобар хуруҷи бемории Ковид-19 бо мақсади ҳимояи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақт қатъ гардид ва муҳлати таътил низ дароз карда шуд. Бо назардошти ин соли таҳсили нав пештар оғоз шуд.
Аз субҳи барвақт ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо омодагии сатҳи баланд Рӯзи донишро истиқбол намуданд. Тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар толору маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои барҳавои донишгоҳ, бо риояи тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории Ковид-19 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.
Зикр гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда доранд.Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат бо мақсади ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиву илмӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯй ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, ба аҳли илму маорифи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз тамошои дастҷамъона ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳор намуданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати хешро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш баён гардид, равона карда, мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир тарбия менамоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа














