Ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақвият меёбад
Дар партави иҷроиши созишномаҳои имзошудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи маориф имрӯз санаи 29 июли соли 2020 дар толори шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон видео-конференсия байни роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд баргузор гардид. Дар кори онлайн-конфронс ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода, муовинони ректор ва деканҳои факултетҳо ҳамчунин намояндагони Донишкадаи молиявии Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ректори донишкада Султоналӣ Меҳмонов, муовинони ректор ва масъулини дигар ширкат варзиданд.
Зимни баргузории онлайн – конференсия ректорони ҳарду муассисаи таҳсилоти касбии олӣ аз сиёсати созандаи сарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев шукргузорӣ намуданд.
Сипас, иштирокчиёни онлайн конференсия барои ҳамкориҳои оянда байни донишгоҳҳо суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд табодули таҷриба байни донишҷӯёну омӯзгорон, ҳамкориҳо дар соҳаи илм тақвият дода мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




