Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Устодон ва донишҷӯёни муҳтарам!
Ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли таҳсили нави таҳсил самимона табрик намуда, бароятон комёбиву муваффақият таманно дорам.
Дар саросари кишвар таҷлили Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ, ки бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад, аз ғамхории Ҳукумати мамлакат, хоса Роҳбари давлат нисбати соҳаи илму маориф дарак дода, дастуру супоришҳояшон кулли кормандони соҳаи илму маорифро ба масъулиятнокӣ ва ба даст овардани комёбиҳои нав ба нави соҳа ҳидоят менамояд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати таҳсилот, пурзӯр намудани назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудани наврасону ҷавонон, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо, инчунин дар партави аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба таълими ин фанҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан аз вазифаҳои асосии масъулини муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.
Дар соли таҳсили сипаришуда фаъолияти донишгоҳ дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, дар руҳияи ватандустӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён назаррас буд. Солҳои охир дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст овардани донишҷӯёни мо, ба ҷойҳои сазовор ноил гардидани варзишгарон-донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ғолибони озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ гардидани муҳасиллин, инчунин ба итмом расидану ба истифода додани бинои толори варзишӣ, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доштани бинои таълимии сохтмонаш нотамоми шафати донишгоҳ, ободу зебо гардонидани ҳудуди муассиса ва як зумра корҳои ободонӣ аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси донишгоҳ маҳсуб меёбанд.
Имсол низ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ Дарси сулҳ гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Дар вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷахонӣ, ки бемории сироятии COVID-19 паҳн гардидааст, зарур аст, ки дар донишгоҳ тибқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурии ҳифзу ҳимояи солимии донишҷӯён ва устодону кормандон риоя карда шавад, то ин ки раванди таълим муттасил идома ёбад.
Боварӣ дорам, ки устодону омӯзгорон новобаста аз вазъи эпидемикии кишвар масъулияти баланди касбӣ нишон дода, донишҷӯёнро дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия мекунанд.
Бори дигар, ҳамаи устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва бошараф бароятон барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак!

You might also like