ТЭТ ҲНИ – ҳизби ифротӣ!
Ҷомеаи ободу осудаи имрӯзаи мо аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат буда, ба дилҳои мо, алалхусус, ҷавонон гармӣ ва ҳарорати бебадал ато менамоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрўз Тоҷикистон дар роҳи ободониву созандагӣ, бунёдкорифу офарандагӣ устуворона қадам ниҳода, дар таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як сокини кишвар кўшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.
Ободонии мунтазам дар кишвар, сохтмонҳои бонуфузи нақбу нерўгоҳҳо, роҳҳову марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, корхонаву муассисаҳо дар дили шаҳрвандони Тоҷикистон муҳаббатро ба сарвари хирадманду ҳалимаш афзун гардонида, ризоияти онҳоро нисбат ба сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дучанд месозад. Дар баробари чунин пешравиву бурдбориҳо ёфт мешаванд ашхосе, ки чунин пешравиҳои миллатро чашми дидан надошта бо нақшаҳои бадхоҳонаи худ мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик боз воқеаҳои солҳои 90 – умро такрор намоянд.
Яке аз чунин гуруҳ ТЭТ ҲНИ мебошад, ки шурӯъ аз оғоз фаъолияти пасипардагии худро оғоз намуда барои бадбахт намудани миллати тоҷик амал намудааст. Баъд аз манъ намудани фаъолияти ин ташкилот ва эълон гардидани ташкилоти эктремистию террористӣ роҳи хориҷаро пеша намуданд. Айни ҳол дар камини хоҷагонихуд бо кайфу сафо зиндагонӣ доранд ва нисбати сиёсати давлату ҳукумат гапҳои подарҳаво мезананд. Ин ҳама курнамакии хоинон дарак медиҳад, ки ба қалри Ватан, модар, миллату сарзамини зеш намерасанд. Аз худ қаҳрамон, муҳоҷир, мухолиф ва мусичаи бегуноҳро сохтанӣ мешаванд. Лек онҳо на ну на он, балки хоин ҳастанд. Мо ҷавононро зарур аст, то ба чунин хоинони миллат имконият надиҳем озодона муқобили давлату ҳукумат сухангўӣ кунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати онҳо вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳем. Рисолати шаҳрвандии худр иҷро намоем.
Некрӯз Азизӣ – устоди донишгоҳ