ТЭТ ҲНИ ва таъсири манфии он ба ҷомеа!
Ҳизби ифротии наҳзат 4-уми декабри соли 1991 ташкил шудааст, роҳбари он Саид Абдуллои Нурӣ ҳисоб мешуд. Ин ҳизб дар оташ занонидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар он ҳазорон одамон қурбон шуданд, нақши калоне бозидааст ва сарвари мухолифин, ки бар зидди давлати қонунӣ меҷангид аъзоёни ҳамин ҳизб буданд. Солҳои 1992 — 1997 Ҳизби наҳзат дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.
Дар солҳои истиқлолият даҳҳо ҷунбишу ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Таъсири дин ба сиёсат пурзўр гашт. Аммо мутаасифона ин таъсир на ба баҳри таъмини якпорчагии Тоҷикистон, рушду равнақи он ва беҳбудии ҳаёти халқ равона шуда буд, балки баръакс ба тафриқа ва ҷудоиандозӣ, ба тундгароию экстремизм, кўшишҳои зўран ғасб намудани ҳокимият, равона шуда буд.
Мутаасифона солҳои охир аъзоёни ТЭТ ҲНИ теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Дар ҳақиқат имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд.
Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИ аз номи дини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба дину эътиқодҳои мардум бо эҳтиром ва некбинона назар мекунад, он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла диндорон ватандўстию ватандорӣ, меҳнат намудан баҳри рушду ривоҷи кишвар, некбину таҳаммулпазир буданро таманно менамояд.
Негматова Ш. – омӯзгори ДДҲБСТ