“Бародар ва шогирдони” наҳзат киҳоянд?
Ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҳалим Одинаев аз рӯйи тадқиқотҳои илмии худ ба хулосаи аниқ омада, бо факту далелҳои раднопазир дар мақолаи “«Ихвон-ул-муслимин» бародар ва ДИИШ шогирди ТЭТ ҲНИ” мебошад, фикру мулоҳизаи худро баён намудааст. Моро низ пас аз мутолиаи он водор намуд, ки фикру мулоҳизаҳои худро иброз намоем.
Аз баргузории конфренсияи сатҳи баланди илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони « Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм» робитаҳои таърихии ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин», ки 14 сентябри соли 2019, дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид шаҳодати он аст, ки робитаи «Ихвон-ул-муслимин» ва ТЭТ ҲНИ бо дигар ташкилотҳои террористӣ ҳамкориҳои зич доранд.
Доктор Рифъат Ҳусейн, доктор Маҷиди Ашӯр иброз намуданд, ки созмони «Ихвон-ул-муслимин» ва ТЭТ ҲНИ, ки ҳамеша дар талоши таъсиси як нерӯи оппозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд ва кӯшиш менамоянд, ки дар минтақаҳои дунё табаддулотҳо гузаронанд. Фикру андешаи онҳо пеш аз ҳама «ҷиҳод» ва баъд аз он амалҳои террористӣ мебошад. Соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ТЭТ ҲНИ ба таври расмӣ ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Дар давоми фаъолияти як солаи худ ин ҳизби хиёнаткор дар ҷанги шаҳрвандӣ ва ноором гардонидани ҷумҳурӣ саҳми хеле фаъол дошт.
Ба марги зиёда аз 150 000 нафар мардуми тоҷик, асосан ҳизби ТЭТ ҲНИ гунаҳкор мебошад. Дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ онҳо даст ба қатлу куштор, мардумозорӣ ва балвогарӣ даст дошта, мардумро аз хонаю дар ва оилаҳояшон пароканда намуданд.
Мухиддин Кабирӣ дар баромадхояш тарафдории худро аз ҳамкорӣ ва идеяҳои«Ихвон-ул-муслимин» -ро дастгирӣ карданашро ва ба сари ҳокимият омадани Мурсиро хуш пешвоз гирифта буд. ТЭТ ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» чӣ қадар ҷавонони тоҷикро бо роҳҳои фиребу найранг ба майдонҳои набарди давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон, Покистон ва ғайра ҷалб намудаанд,ки то ҳозир бо намояндагони ДИИШ бар зидди мардуми мусулмони Ироқу Сурия амалҳои нопоки худро истифода бурда истодаанд. Падару модарон, зану фарзанднои ҷавонони гумроҳ шудаи тоҷик,таи солҳост,ки чашм ба роҳи фарзандони фиребхурдаи худ медузанд.Аммо ҳайҳот, ки медонад,онҳо зиндаанд ё кайҳо ин ҷахонро падруд гуфтаанд?-Ҳамаи ин гуноҳи азимро сарварони ҳизби ТЭТ ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» ба гардан мегирифта бошанд?
Абдулҳалим Одинаев дар мақола бисёр хуб факту рақамхое, ки бо гуноҳи ҳизби ТЭТ ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» кушта шудани мусалмонон,зану духтарон, наврасонро мисол овардааст, дили мардуми солим фикрро реш-реш мекунад.
ТЭТ ҲНИ, «Ихвон-ул-муслимин», ДИИШ бо ҳамдигар умумиятҳои бисёре доранд, яъне амалҳои терористию экстремистӣ,роҳзанӣ, одамкушӣ, ғоратгарӣ, мардумозори-ро пешаи худ карда, барои ноором сохтани тамоми минтақаҳои саёра аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Мо низ ба хулоса омада, гуфтанӣ ҳастем, ки «Ихвон-ул-муслимин» ва ДИИШ- “бародар ва шогирдон” -и “ТЭТ ҲНИ” мебошанд.
Мирмамадова Р. – сармуаллимаи кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ