Ба хун даромада, танҳо ба ҷон мебарояд!

Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз  вируси  корона ё ба таври дигар COVID-19 дар ташвиш буда, аз рӯзҳои нахустини паҳншавии ин вабо роҳбарони тамоми давлатҳо  танҳо ва танҳо ба  ҳифзи сиҳатии сокинони кишварашон талош меварзанд. Дар ин давраи ҳассос робитаҳои бисёрҷониба ва  сиёсати башардўстона байни давлатҳо густариш ёфта, ба  якдигар кумаку мадад мерасонанд.  Хавфу хатари ин бемории сироятӣ тамоми сайёраро фарогир шуд ва ҳатто намояндагони давлатҳои абарқудрат дар гузоришоти худ зикр доштанд, ки коронавирус (COVID-19) дар баробари тағйири ҷомеаи ҷаҳонӣ, инсонҳоро низ тағйир медиҳад. Ба маънои томаш меҳру вафо, садоқату муҳаббат байни инсонҳо боз ҳам бештар шуда, ашхоси нобакор тавба мекунад.

Мутаассифона, дар ин рӯзҳои фаромўшнопазир низ сомонаи иттилоърасон “Isloh.net” ислоҳ нашуд. Табибони қаҳрамон тавонистанд  ҳазорҳо-ҳазор беморони вазнинро бар асари коронавирус  шифо бахшанд,  вале на табибон на каси дигар метавонад  тафаккури  ифротгароёнаи наҳзатиёну хоинонро муолиҷа намояд.  Зеро,  мақол аст, ки “Чизе ба хун даромадааст, ба ҷон мебарояд”.  Ҳақ асту рост будани мақоли мазкурро нависандаи кӯрсаводи  сомонаи “Isloh.net”  Муҳаммадиқболи Садриддин бори дигар бо ифшои аз кадом зоту бут ва ирсӣ будани  бемории палидиаш тасдиқ намудааст.

Ба ростӣ он чизе,  ки роҳбари сомонаи “Isloh.net” Муҳаммадиқболи Садриддин менависаду дар сомонаи ифротиашон мемонад, ба сарфи вақту кам кардани нури чашм намеарзад. Чунки, навиштаҳояш бесаводона, пур аз тўҳмату бўҳтон, дурўғпадозӣ ва бе факту далел, ки табъи касро хира месозад.  Аммо, ман, ки филми “Хиёнат”-ро тамошо карда будам,  пас маҷбур шудам, раддияи навиштаи Садриддинро нисбати филми мазкур хонаму ба он ҷавоб диҳам.

Аслан, таҳлил намоем, дар маҷмўъ  филми  мустанади “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар пахш гардид, амалҳои нопоку разилона ва хиёнаткории  роҳбару намояндагони собиқ ТЭТ ҲНИ-ро инъикос менамояд.  Мазмуну моҳияти филм бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон  хабар дод, ки ин хиёнаткорон ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, кистанду чӣ мехоҳанд? Пас аз тамошои филм ҳар як шаҳрванди баору номус ва ватандўст ба ин хоинони  давлату миллат, ки  бо амалкардҳои хеш мехоҳанд давлату миллати тоҷикро ба нестӣ баранд, лаънат хонд. Боз ҳам лаънат ба Садриддину ҳаммаслаконаш, ки  бо разилӣ  ба ному зоти поки тоҷик иснод меоранд.

Сониян,  он чизе, ки ” Муҳаммадиқболи Садриддин нисбати филми “Хиёнат” навиштааст ва дар сомонаи “Isloh.net” гузоштааст, аслан раддия нест.  Маводи ин сомона аслан ҳамааш  бемантиқу бесаводона, раддияи ў низ ҳамин хусусиятро касб намуда,  ифшогари  босмачигарии авлодист.

Соҳиби сатрҳои бесаводона бояд филмро пурра тамошо карда, ба таҳлил мепардохт. Нисбати нодуруст будани  амалҳои нопоки қаҳрамонони филм факту далелҳо меоварду сипас менавишт ва он раддия ҳисоб мешуд.

Аз таърифпардозӣ хулоса бароред:   “Isloh.net” қатъитар, қавитар, муҳкамтар, сареътар ва устувортар пеш меравад. 1000 0000 бештар ҷонибдор, мухлис, бинанда ва шунаванда. … ман писари Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода ҳастам. Ифтихор аз падари бузургворам ва бобоям Садриддин дорам. Бобоям яке аз нафаронест ,ки аз соли 1930 то 1937дар ободиву обёрии водии Вахш ва шаҳри Қурғонтеппа саҳми бо сазое гузошта аст. Дороияшро бо чандин чорпо оварда инҷо сарф кардааст. …. мардони пиронсол бошанд, бароятон хуб мефаҳмонанд ,ки он кас, кӣ буданду чи хизматҳои боарзише барои ин ватан анҷом додаанд.  Падарам Ҳоҷӣ Қаландари Садриддинзода яке аз панҷ муассиси ҲНИТ буданд. Ифтихор мекунам, ки ҲНИ (ҳизби ифротӣ) маҳз дар хонаи мо шаҳри Қурғонтеппа таъсис дода шуда аст. Падарам кафил ва сарпарастии бевоситаи он ҳама  толибилме дар вилояти собиқи Қурғонтеппа буданд, ки он солҳо таҳсили улуми шаръӣ мекарданд ва то Душанбе сарпарастияшонро ба уҳда гирифта буданд….

Пас он чизе, ки Садриддин  ба ҳайси раддия ва ё ҷавобнома ба филми инъикоскунандаи кирдорҳои босмачигаронаи хоинони миллат «Хиёнат» навиштааст,  мантиқан нодуруст аст. Сатрҳои нигошта сар то по инъикоскунандаи он ки муаллифи сатрҳо аз кадом аслу нажод, дар кадом оила ба воя расид ва гузаштагонаш ба чи корҳо машғул будаанд. Муаллиф қисме аз шарҳи ҳолаш дарак додааст.

Беҳтараш соҳиби раддия аз ҳамон «қатъитар, қавитар, мустаҳкамтар, сареътар ва устувортар 1000 0000 нафар”-аи гурўҳи босмачиён ягон босаводашро дарёб мекарду РАДДИЯ менавишт. Ё дар шарҳи ҳолаш ба ҷойи суханҳои пучу бемағз, аз амалҳои инсонгароёна ва хизматҳои ба халқу миллат кардаи падару бобояш факту далел меоварду  саховатмандию сарватмандиашонро исбот менамуд.  Худ иқрор шудааст, ки ҳизби террористии наҳзат дар хонаи онҳо таъсис ёфт. Пас, аз ҳамон лаҳза хуни Садриддин ва ҳаммаслаконаш бо дарди муолиҷанашавандаи нотавонбинии давлату миллат сироят ёфтааст, ки  бо ҷон мебарояд!

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like