Филми мустанади “Хиёнат” инъикоскунандаи таърихи сиёҳи наҳзат
Имрўзҳо боз ҳам дурўғгўии аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ ҳамарўза дар ВАО интишор гардида, симои аслии онҳоро байни ҷомеа нишон дода истодаанд. Аз ҷумла тариқи телевизиони “Тоҷикистон” филми мустанади “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд, ки бори дигар чеҳраи манфури наҳзату хоинонро нишон дод.
Чи хеле, ки ба мо маълум аст, соли 2015 мардуми шарафманди Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ-ро дар асл фамиданду оқибати онро дарк карданд. Аъзои ин ҳизб зина ба зина сафи тарафдорони худро дар мамлакат бисёр карда, мақсади пароканда кардани давлати соҳибистиқлоламон ҳаракатҳо мекарданд. Ба мисли амалҳои нангини собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба қушиши табадуллот задааст. Ахиран ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ ба феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай дохил карда шуд.
Ин тасмим дар асоси тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд, амалӣ гардидааст.
Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ 29 январи соли 2016 дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломиро таҳти №79 ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд.
ТЭТ ҲНИ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳои 1997-2015 шурўъ карда, бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия ба роҳмонданд, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои худро мавриди таблиғгар ба роҳ мондааст.
Ҳизби мазкур барои расидан ба ҳадафҳои худ дар зоҳир оромона амал карда, кўшиш кардааст, ки боз як бори дигар табадуллоти Тоҷикистонро ба даст орад. Бо ин васила ТЭТ ҲНИ амалҳои худро пардапўшона, пушту паноҳу такягоҳ бурдан бо хоҷагони хориҷии худ фаъолият кардааст. Дар филми мустанади “Хиёнат” шахсиятҳои маъруфи ҳизб, ки солҳои 90-ум дар низои дохилӣ дастдоштанду бо супориши роҳбарияти кунунии ҳизби мазкур амал кардаанд, бо забони худ иқрор шуданд ва аз таърихи сиёҳӣ наҳзат сухан карданд.
Кабирзода Г. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ