Ҷониби Қирғизистон ҳаққу ҳуқуқи ҳамсоядориро риоя намоянд!
Ҳамсоядории тоҷику қирғиз сухан меравад мо набояд фаромӯш кунем, ки дар тӯли садсолаҳо мо ҳамсоя ҳастем. Ба як дин боварӣ дорем, урфу одатҳои наздик дорем. Барои муайян кардани сарҳад тарафдорони Ҳокимияти давлатии Қирғиз изҳор дорад, ки гӯё тоҷикон заминҳои онҳоро аз они худ мекарда бошанд. Лекин ин тўҳмати онҳо мебошад, зеро дар таърихи мавҷудияти халқи тоҷик ягон бор чунин нашудааст, ки халқи мо замини ҳамсояашро забту аз они худ карда бошад. Шукр аз он мекунем, ки давлати мо дорои обу хоки хусусии худ мебошад. Албатта минтақаи баҳсие, ки ҳаст бо ризоияти ҳукуматҳои ҳар ду давлат ҳалли худро дарёфт мекунад.
Ҳамаи мо инсон ҳастем ва набояд, ки ноодилона нисбати ҳамсояи худ тўҳмат паҳн кунем. Вақте дар бораи ҳамсоядорӣ сухан меронем мо бояд донем, ки ба ҳамсоя дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳ, гузашту эҳсон ва дигар талаботи ахлоқи хуб муносибатро ба роҳ монданамон зарур мебошад. Донишмандон аз таҷриба гуфтанд, ки муносибати неки ҳамдигари ҳамсояҳо сабаби ободии кишвар ва афзоиши умри мардумон мешавад.
Чунон ки ба мушоҳида мерасад, дар ривояту панду андарзҳо нисбати эҳтироми ҳамсоя ва вазифашиносӣ андешаҳои пурқимат ва ҳаётӣ баён гаштаанд. Дар онҳо доир ба бохабар будан аз аҳволи зиндагии онҳо, кӯмаку мададгорӣ, ҳатто қабули заҳматҳо, таҳаммули кайфияти зиндагиашон ва лоақал худдорӣ аз зараррасонӣ ба онҳо таъин гаштаанд. Нисбати ҳамсоя аз чӣ бояд худдорӣ ва парҳез кард. Яъне он чӣ ба худ равонест, нисбат ба ҳамсояҳо онро набояд раво дид.
Хулоса агар, ки мо барои ҳурмату эҳтироми ҳамсоядорӣ аз айбдор кардани онҳо худдорӣ намоем ин маънои онро надорад, ки гӯё мо гунаҳкор бошему онҳо моҳи сафед бошанд. Бо баробари он, ки мо чӣ будани ҳақиқатро медонем боз ҳаққу ҳуқуқҳои худро низ хубтар медонем.
Онҳо набояд шаҳрвандони моро ноодилона ба аз худ кардани замини онҳо айбдор намоянд. Сиёсати одилонаю хирадмандонаи Ҳукумати марказии Тоҷикистон моро ба сӯи сулҳу якдили даъват менамояд ва мо тарафдори дӯстии халқҳо мебошем.
Б.Хайриддин – таҳлилгари мустақили масоили сиёсӣ