Бо дўои кӯрмуш борон намеборад
Дар ҷаҳон ташкилотҳои террористиву эктремистӣ гуногун мебошанд. Ҳамаи онҳо ниқоби гуногунро ба бар намуда, мардумро фиреб менамоянд, аз он ҷумла ТЭТ ҲНИ ташкилоти навро бо ном “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дода, худашонро бардурӯғ ғамхори мардуми тоҷик эълон менамоянд.
Хандаовар аст, ки 4 ташкилоти дорои ақидаю назарҳои мухталиф чӣ гуна ба ҳам омадаю як маром шудаанд. Зеро асоси фаъолияти ҳизби наҳзати исломро арзишҳои иртиҷоии динӣ ташкил дода, ба ном анҷуманҳои дигар бошанд, ҳатто баъзе афродашон ба дини поки ислом эътиқоду бовар надоранд. Дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хурсандии эшону зиёфат оростан, инчунин рақсидан бо шеваю фарҳанг туркӣ бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ин афрод ҳуввияти миллӣ надошта, тоҷику Тоҷикистон барояшон мояи пиёда сохтани ғаразҳои манфуронаи сиёсиашон ҳасту бас. Ҳатто роҳбари ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ҳамчун бозигари аслии ин паймон на ба ҳайси аъзои ҳизби сиёсӣ, балкӣ ҳамчун шахс ворид шуда, дар ҳошияи бозиҳои пасипардагӣ нияти муғризонаву душманонаашро нисбати миллату давлат бешармона намоиш медиҳад.
Мусаллам аст, ки дар баргузории ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо ҳайати комиссияи ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама ҷиноятҳо ва хиёнаткориҳои ҳизби наҳзати исломро бо далелҳои раднашаванда, бо иштироки худи собиқ мухолифони пушаймоншуда, аз қабили Айёмиддин Сатторов ба самъи иштирокчиёни ҷаласа расониданд. То ҷое маълум аст, чун кори ҷаласа ба табъи дили хоинону ватанфурўшони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» оғоз наёфт, муносибатро бо лаҳни тунду тавтеа (провокатсия) бо ҳайати ҳукуматӣ оғоз карданд.
Ҳатто, асолатбохтае бо номи Сулаймони Орзў бо роҳи тавтеа мехост шиори ба табъи дилаш навиштаро ба Айёмиддин Сатторов дода, бо роҳи аккосӣ барои ғаразҳои сиёсии хоинонааш истифода менамуд, вале хушбахтона ба мақсадаш нарасид.
Барои пиёда сохтани амалҳои хоинона ва дар назди хоҷагони хориҷӣ худро ҳаллиму фидоӣ нишон додан бубинед, ки ин хоинон ба чи корҳое қодиранд. Зери пўшиши мақоми паноҳандагӣ гирифтан дар Аврупо бо ҷалби 3-4 муҳоҷири меҳнатӣ хоинони миллат бо чӣ корҳое даст намезананд!
Таъсиси бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» низ барои ин асолатбохтагон ҷалби бештари гумроҳонро дар пай дошта, мехоҳанд бобати амали сохтани ақидаҳои манфуронаашон дар дохил ва хориҷи кишвар афроди муайянеро ба тарафи худ майл созанд. Вале, ба ибораи дигар «бо дўои курмуш борон намеборад». Ҳама медонанд, ки 5-10 хоину ватанфурўш на паймон доранду на миллату давлат. Ҳадаф фақат сўзонидани хонаи тоҷику пур кардани ҷайбҳояшон аз маблағҳои ҳангуфт шиори ҳамешагии ин асолатбохтагон боқӣ мемонад.
Бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» шабеҳи тори хонаи анкабут аст, ки бояд онро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари ақли солим дарк кунад. Зеро, ин анкабутон ба ҷуз зиёну талқини ҷангу хунрезӣ дигар дар мафкураашон чизеро намеғунҷонанд.
Онҳо бо ҳамовозӣ аз озодии 10-20 хоини ҳаммонанди худашон, ки дар зиндонҳо бо ҷурми ҷиноятҳои мухталиф ба сар мебаранд, рисолати сиёсии худро иҷрошуда ҳисобида, рўй гардонидан тарафи хоҷагони хориҷӣ бо ҳамёни гадоӣ оромиш ва осудагии аҳолии нўҳмиллионнафараи Тоҷикистонро сарфи назар месозанд.
Ҳавою ҳавас, думболагирӣ аз зиндагии арзанда дар хориҷи кишвар, санги маломат задан сари миллату давлат ин роҳи ҳалли масъала ва камоли мардӣ нест. Ватанро бо шиорпардозиҳо, тафриқаю ҷудоиандозӣ наметавон сохт.
Мутмаинем, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун ворисони аслии ин марзу бум ба қадри хоку замини аҷдодӣ мерасанд ва ҳеҷ қуввае наметавонад, ки садди роҳи якдилии халқи Тоҷикистон бошад . Зеро, нерўи мо дар ваҳдати мост.
9 сентябри соли 2018 дар Варшава як қисми муайяни мухолифини ифротгарои тоҷик дар хориҷи кишвар эъломияро дар бораи ташкили иттиҳоди муштарак – Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) имзо карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст, роҳбари ин паймон интихоб карда шуд.
Машваратҳо оид ба таъсиси ПМТ моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта буданд. Вале, аз сабаби шӯҳратпарастии роҳбар ва аҳамияти баланди зоҳирии он ба назари ҷонибдорони он (бо сабаби манъ кардани ҳизб), аъзои паймон танҳо моҳи сентябри соли 2018 ба мувофиқа расиданд. Ба раванди муттаҳидшавӣ дар асоси уҳдадориҳои шартномавӣ ба хотири ноил шудан ба ҳадафи умумӣ он далел мусоидат кард, ки Тоҷикистон аллакай омодагиро ба интихоботи президентӣ, ки бояд моҳи ноябри соли 2020 баргузор шавад, оғоз кард.
Ба истиснои ҲНИ, ҳеҷ яке аз се муассисони ПМТ дорои қудрати воқеии сиёсӣ, заминаи иҷтимоӣ ва ё обрӯ дар байни аҳолӣ намебошанд. Мусаллам аст, ки иттифоқчиён ба ҳеҷ ваҷҳ ба сиёсати анъанавии ифротгароёнаи ҲНИ таъсир расонида ва идеалу ҳадафҳои сиёсиву идеологии онро тағйир дода наметавонанд. Бо ин далелҳо, аъзои паймон ба ҳамаи он оқибатҳои фалокатбор, ки метавонанд аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва стратегияи хушунатомези ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ ба амал оянд, масъул мебошанд.
Вазифаҳои асосии Паймони миллӣ инҳоянд: «Муҳофизати сохти демократии ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардан ва нигоҳ доштани шароит барои ба ҳар кас баргардонидани озодии сухан, ақида, виҷдон, иттиҳодияҳо». «Тоҷикистон бояд озод, мутараққӣ ва мустақил бошад, ки дар он озодиҳои инсон бояд афзалият дошта бошанд». Тааҷҷубовар аст, аммо, маҳз ин ҳадафҳо дар Конститутсияи давлат ҳамчун идеалҳои асосии ҷомеа инъикос ёфтаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».Аз ин рӯ, вазифаҳои изҳордоштаи Паймони миллӣ чун парда барои ҳадафҳои воқеӣ ва асосии минбаъда менамоянд.
Аз сабаби надоштани ғояҳои худ Кабирӣ мунтазам ба дурӯғпароканиҳои сиёсию идеологӣ ва тасарруф кардани моликияти зеҳнии дигарон даст мезанад.
Масалан, донишманди маъруфи тоҷик, файласуфи боистеъдод Ҳафиз Бобоёров соли 2017 як лоиҳаи иҷтимоию сиёсиро дар бораи дурнамои рушди Тоҷикистон бо номи “Паймони миллӣ” омода кард. Маҳз ана ҳамин ном аз ҷониби муассисони ПМТ бо сарварии Кабирӣ 9 сентябри соли 2018 истифода шуда буд. Кабирӣ иқрор дорад, ки 90 дарсад бо муқаррарот ва идеяҳои консепсияи иҷтимоиву иқтисодии Ҳ. Бобоёров розӣ мебошад, аммо далели дуздии зеҳнии номи ӯро комилан рад мекунад.
Кабирӣ бо 10 фоизи кори илмии мазкур розӣ нест. Эҳтимол, вай дар он вуҷуд надоштани муқаррарот дар бораи забти зӯроваронаи ҳокимият ва эълони Тоҷикистон ҳамчун давлати исломиро дар назар дорад.
Ҳамин тавр, бо итминон гуфта метавонем, ки номи ПМТ (Паймони Миллии Тоҷикистон) дуздии сиёсӣ ва идеологӣ, тасарруфи моликияти зеҳнии каси дигар ва истифодаи ваколатҳои илмии Ҳ. Бобоёров мебошад.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ