Сиёсати созанда ва кушоди Тоҷикистон!

Соли 2019 барои давлату миллати соли музаффарияту дастовардҳои нав ба нав ба ҳисоб меравад. Дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ давлати мо зери сиёсати дарҳои боз ба нишондиҳандҳои баланди минтақавию ҷаҳонӣ ноил гардид.

Аз ҷумла санаи 4 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор кишварҳои Аврупо сафари корӣ анҷом доданд, ки боиси ифтихор аст. Сафари кории роҳбари давлат аз Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардида, дар ҷумҳуриҳои Фаронса ва Чехия идома ёфт. Охирин бор Пешвои миллат соли 2017 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон ташриф оварда буданд. Зимни сафари кории роҳбари давлат баъзе аз намояндагони мухолифин, ки дар Аврупо умр ба сар мебаранду ниятҳои ғаразнок дар дил мепарваранд, пикети эътирозӣ ташкил намуданд. Албатта, ин амали онҳо пеш аз ҳама барои ҷалби диққати хоҷагони хориҷиашон буд, зеро ки ин гуна тоифаи одамон дар фикру ҳаракатҳои худ озод нестанд.

Мувофиқи маълумоти бархе аз расонаҳои хабарӣ ҳангоми сафари кории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа низ баъзе аз намояндагони гуруҳҳои мухолифин гуё ки пикети эътирозӣ ташкил карданӣ буданд.

Бояд зикр намуд, ки новобаста аз мавқеи баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва созанда мешиносанд. Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба як қатор кишварҳои бонуфузи Аврупо ин гуфтаҳои болоро собит менамояд. Ҳамкорӣ бо кишвархои Аврупо яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Мо ҳамеша тарафдори густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон будем, ҳастем ва хоҳем монд. Итминони комил дорем, ки сафарии кории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Аврупо барои Тоҷикистон басо муҳим ва хотирмон хоҳад буд.

Муртазоқулов М. – н.и.и., дотсенти

кафедраи ТИК ва Б-и ДДҲБСТ

You might also like