Изҳороти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир оид яке аз модари бечорае, ки фарзандаш  ба сафи ҳизби наҳзати ислом ҳамроҳ шудаст!

Моён устодони кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир ин воқеаро хонда ба чунин хулоса омадем, ки ҳоло ҳам бархе ҷавононе ҳастанд, ки аз сабаби маълумоти кофӣ надоштан, аз назорати падару модар дур шудаанд, ба роҳҳои нодуруст мераванд ва ба яке аз душманони Тоҷикистони азиз мубаддал мегарданд.

Мо ҳамчун устодон ҳар лаҳза ҷавононро дар руҳи ватандустӣ тарбия менамоем ва волидайнонро низ ба он даъват менамоем, ки аз рафтору кирдор ва ҳаёти фарзанди худ бохабар шуда истанд. То, ки имрўз сиёсати пеша кардаи мардуми тоҷик баҳри зиндагии осоиштаи ҷавонони имрўза аст. Ва мо имрўз хурду калон вазифадор ҳастем, ки хизматҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем ва ҳамдами он кас бошем. Аз шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафи гуруҳҳои иртиҷоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем.

Аҳли кафедраи фанҳои риёзӣ-

табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like