Дуои модарони дилреш туро ба қаъри ҷаҳаннам мекашад
Имрўзҳо дар тамоми башар терроризму экстремизм ва короновирус хамчун вабои аср ба вайрон сохтани оромию саодати сокинони Замин ва дигаргун намудани мафкураи хар як бошандагони сайёра ба ҳисоб меравад
Яке аз чунин сардорони ин ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва вируси аблаҳ Мухиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ дини мубини исломро ба худ мисли никоб истифода бурда, ба вайронкориву ғорат, бероҳасозии мардум даст зада истодаанд, кирдорҳои онхо ба дини мубини ислом ягон алоқа надорад танҳо як василаи амали сохтани максадҳои нопоки онҳо мебошад.
Шахсони манфиатҷуй бо сардории хоини миллат Кабирӣ бо фармонҳои сарпарастону хочагони аҷнабиашон дар замони бесарусомониҳо кушиш намуда, бисёр амалҳои террористиро ба анҷом дода бисёре аз ходимони давлатию сиёсиро ба доми аҷал кашиданд. Аз ҷумла Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Моёншо Назаршоев ва даҳҳову садҳо дигарон.
Бо ин амалҳои худ конеъ нагардида анакнун аз давлатҳои хориҷӣ истода мардуми осударо ба доми макри ҳиял кашида ҳамчун анкабуд ба торҳои ифлоси худ мепечонад.
Яке аз чунин ҷавонони гумроҳ Юсуф мебошад, ки ба торҳои заҳрогини анкабуди ифлос Муҳиддин Кабирӣ печ хўрда зиёда аз даҳ сол боз модарашро дар фироқи худ гузоштааст.
Чи хеле ки модари ғамдида зикр медорад фарзандаш Юсуф ҷавони боодобу ҳалим, хушгапу ботамкин буд то он даме, ки ба гурухи ифротгароёна напайваст. Модари азиз бо тамоми сузу гудоз мегуяд, ки пас аз ба ифродгароён ҳамроҳ шудан дағалиҳои зиёде ба модари худ раво дидаааст.
Носипосон шумо дини мубини исломро ба худ никоб намуда фарзандони дилбанди модарони дилрешро ба душманони онҳо мубаддал месозед. Аз ин мебарояд, ки шумо пасттар азҳайвон будаед. Дуои бади модарони гамдида шуморо то ба каъри ҷащаннам мебарад. Аз хотир набарор эй пастфитрат (садқаи номи Кабир шавӣ) чоҳкан зери чоҳ аст, рузе дар чоҳҳои кандаат сарнагун хоҳи шуд.
Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти
кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ