Ҷинояткор бояд истирдод шавад!

Ба андешаи мо Додситони генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дуруст мегуяд, ки аз ҷониби Тоҷикистон гуфтушинидро барои боздошт ва тасмими Кабириро бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар доираи Интерпол қать накардааст. Имрӯз ҷониби Тоҷикистон аз ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ҷинояткорон ба Ватан баргардонида, онҳоро тибқи қонуни ҷории мамлакат ба ҷавобгирии ҷиноятӣ мекашад. Муҳиддин Кабирӣ роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ шинохташуда, тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардааст.

Зикр карда бамаврид аст, ки Кабирӣ бо ҳизби зердасташ Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карда, ба сари мардуми тоҷик чӣ бадбахтонае овард. Ҷиноятҳои содирнамудаи ҲНИ таҳти роҳбарии Кабирӣ аз ҷониби додситон исбот шудааст ва он ҷавобгарӣ кашида мешавад. Саволе ба маврид бояд зикр кард, ки Кабирӣ барои Тоҷикистон чӣ хидмате кардааст? Ба ғайри зиёну зарар ва ҷиноятҳо.

Ў лидери мардумӣ шуда наметавонад. Лидери мардумии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат барои гул – гул шукуфони кишвари маҳбубамон хизматҳои назаррас анҷом дод. Ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба зинаи рушди устувори тараққиёт ноил гашт.

Изҳороти Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – н.и.ф., дотсент,

мудири кафедраи забонҳои хориҷи ДДҲБСТ

You might also like