Қирғизҳо инсофи миллӣ надоред!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сулҳу амният ва эҳтироми арзишҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар ҷои аввал мегузорад. Аммо ба ин ҳама эҳтироми мо давлати ҳамсояи қирғиз ранги пешин амали сарҳадшикании худро идома медиҳад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, аз хонаи мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муътабархонум Шаропова (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.

Ин амали иғвоангезонаи сокини ҷумҳурии ҳамсоя нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Айни замон М. Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  истодаанд.

Бо ҳадафи пешгирӣ намудан аз корҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳонида шуд, ки минтақаи мазкур замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки кишти зироат аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон манъ аст.

Мо, ҷомеаи Тоҷикистон боварии комил дорем, ки ин ҳама нофаҳмиву муноқишаҳои байнисарҳадӣ барҳам дода шуда, байни давлатҳои дӯсту бародар-Тоҷикистону Қирғизистон сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром ҳукмфармо мешавад.

Ҳодисае, ки рўзи 24 май дар сарҳад рух дод, ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Зеро дар айни замон тамоми ҷаҳон аз вабои аср, коронавирус азият кашида истодааст. Дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон низ шумораи беморон зиёд шуда истодааст. Находки, дар ин вазъияти мушкил низ ин муноқиша боз оғоз ёбад, сабаби захмшавии зани тоҷик шавад! Модарони қирғиз, ҳолати ин зани тоҷикро тасаввур кунед! Оллоҳ ба ягон зан ва модар ин азобро рў ба рў накунад! Қирғизҳо инсофи миллӣ надоред!

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like