Ба ҳамсоягони сарҳадшикан!

Аз вазъияти дучоромада дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хеле ғамангин гардидем. Аз чӣ сабаб ки баъзе афродони кӯтоҳандеш ба тинҷиву оромии минтақа халалрасон мегарданд.

Аз азал маълум аст, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи давлат ҳамкорӣ мавҷуд буда, як қатор корҳои судманд ба анҷом расидаанд ва дар оянда низ ба даст овардани ин гуна дастовардҳо дар назар аст.

Аммо сад афсӯс боз як бори дигар таъкид менамоем, ки сокинони наздисарҳадӣ кӯтоҳандеширо пешаи худ карда, муносибати байни ду халқи ба ҳам дӯстро вайрон месозанд. Лекин аз ҷониби қирғиз фиристодани қувваҳои иловагӣ ва аз тарафи онҳо истифода шудани яроқи оташфишон моро ба фикре меорад, ки магар ин амалҳо аз тарафи ягон гурӯҳи муайяни қирғизӣ дастгирӣ мегардида бошад? Фикр мекунем, ки Ҳукумати имрӯзаи ҷумҳурии Қирғизистон аз ин амалҳои дағалонаи қувваҳои иловагӣ хулосабардорӣ менамояд ва барои тинҷиву ором гардонидани вазъият кӯшиш ба амал медиҳад.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша нияти хайрхоҳона дорад ва фаъолияти худро барои орому осуда нигоҳ доштани вазъият бо кишварҳои ҳамсарҳад равона месозад.

Аз ҳамватанони дар сарҳад истиқоматкунанда даъват ба амал меорем, ки кӯтоҳандеширо аз худ дур намуда, ба ягон хел корҳои зишт роҳ надиҳанд, зеро ки халқи тоҷик ба Ҳукумат такя намуда, ҳамеша пайрави сиёсати кишвар мебошад ва саҳми худро барои гулгулшукуфии Ватанамон мегузорад.

Аҳли устодони кафедраи

 таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like